Бозиҳои даври 14-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз танаффуси сеҳафтаина, бо сабаби иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ аз нав оғоз шуд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар бозии марказии давр дастаи футболи «Истиқлол» -и Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ҳисобро дар дақиқаи 33 футболбози дастаи Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов кушод. Ҳамдастаҳояш Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 54 ва Комрон Турсунов дар дақиқаи 57 ду голи дигар ба ҳадаф расониданд. Дар қисмати охири дидор мизбонон тавассути Диловаршо Ғаниев дар дақиқаи 72 ва Акбар Бобомуродов дар дақиқаи 77 ду тӯб вориди дарвозаи меҳмонон карданд ва ҳисоб 2:3 шуд.
Тими КМВА «Помир» — Душанбе дар майдони худ бар дастаи «Куктош» -и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи артиш Комрони Мирзохон ду гол, Принс Артур як гол заданд. Голҳои дастаи «Куктош»-ро Бахтиёр Қаландаров ва Султоншо Мирзоев заданд.
Дастаи футболи «Истаравшан» -и Истаравшан низ дар бозии хонагӣ бар дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Бозингари дастаи меҳмон Шарифҷон Қодиров дар дақиқаи 3-юм ҳисобро кушод, пас аз 4 дақиқа Фирӯз Қараев ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 21-ум Диловар Бойқузиев дастаи «Истаравшан»-ро ба пеш баровард, вале Хуршед Абдуллоев дар дақиқаи 52 ҳисобро боз ҳам баробар намуд. Пас аз 10 дақиқа Фирӯз Қараев голи дуюми худ ва сеюми дастаи Истаравшанро зада, ғалабаи дастаро таъмин намуд.
Дар бозии охирини давр дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар ба дарвозаи дастаи «Хуҷанд» тавассути Эҳсон Бобоев ва Аҳтам Ҳамроқулов 2 голи беҷавоб зад.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии ду марҳила дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо 38 хол пешсаф аст. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо фарқияти 18 хол дар ҷои дуюм мавқеъ дорад. Барои он ки дастаи «Истиқлол» бори ҳаштум унвони чемпиони Тоҷикистонро сазовор шавад, дар ҳафт даври минбаъдаи мавсими 2019 танҳо ду пирӯзӣ зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 15-ум 18 сентябри соли равон доир мегарданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Истиқлол» бо «Хатлон», «Истаравшан» бо КМВА «Помир», «Куктош» бо «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер» бо ҳам вомехӯранд.
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | Х | |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 14 | 12 | 2 | 0 | 41-9 | 38 |
| 2 | «Хуҷанд»(Хуҷанд) | 13 | 6 | 2 | 5 | 22-14 | 20 |
| 3 | «Куктош» (Рӯдакӣ) | 14 | 5 | 4 | 5 | 20-19 | 19 |
| 4 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 14 | 5 | 4 | 5 | 22-22 | 19 |
| 5 | «Хатлон» (Бохтар) | 14 | 5 | 3 | 6 | 16-19 | 18 |
| 6 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 14 | 5 | 3 | 6 | 15-20 | 18 |
| 7 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 13 | 4 | 2 | 7 | 12-21 | 14 |
| 8 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 14 | 2 | 2 | 10 | 10-34 | 8 |
Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 9 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 7-тӯбӣ, Дилшод Восиев, Турсуналӣ Рустамов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳиддин Одилов («Кӯктош»), Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ, Шодибек Ғаффоров (ССКА «Помир»), Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду аз «Истиқлол») – 5-тӯбӣ.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад






