Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳруз Хоҷазода ба даҳгонаи беҳтаринҳои раддабандии олимпӣ ворид шуд
ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пас аз натиҷагирии мусобиқаи Гран Прии Тошканд раддабандии таҷдидшудаи олимпиро нашр кард. Дар раддабандии нав варзишгари маъруфи Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазода бо 1978 хол ба ҷои 13-уми вазни -73кг баромад. Ӯ қаблан дар ҷои 15-ум мавқеъ дошт.
Тибқи талаботи системаи интихобии олимпӣ (ба ҳар КМО як роҳхат) дарвоқеъ Беҳрӯз дар ҷои 10-ум қарор дорад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран Прии Тошканд сазовори медали нуқра гардида, 490 холро сазовор шуд. Варзишгари дигари шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг дар Гран Прии Тошканд ҷои панҷумро ишғол карда, мавқеашро дар раддабандии олимпӣ 2 зина беҳтар намуд, яъне ӯ аз ҷои 24 ба ҷои 22 баромад. Темур барои ҷои панҷум соҳиби 252 хол гардида, шумораи холҳояш ба 1373 расид.
Ба раддабандӣ номи варзишгари дигари Тоҷикистон Муҳаммад Маҳмадизода ворид гардид. Гран Прии Тошканд барои Муҳаммад аввалин мусобиқаи байналмилалӣ маҳсуб меёфт, ки дар вазни -60кг ҷои 7-умро ишғол карда, 182 хол ба даст овард. Бо ин натиҷа ӯ дар ҷои 97-ум мавқеъ гирифт.
Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг бо як ғалаба 112 хол ба даст оварда, мақеашро ҳафт зина беҳтар кард – аз ҷои 64 ба ҷои 57 баромад.
Дигар варзишгаронамон – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Шакармамад Мирмамадов (+100кг) якзинаӣ, Комроншоҳ Устопириён (-90кг) се зина поён шуданд. То охири соли равон варзишгаронамон имкон доранд дар 4 мусобиқаи дигар – силсилаи мусобиқоти Гранд Слам дар Бразилия (6-8.10), Абу Даби (24-26.10), Осака (22-24.11) ва «Qingdao Masters» (12-14.12) – иштирок карда, барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ кӯшиш кунанд. Марҳилаи интихобӣ дар намуди дзюдо то 20 майи соли 2020 идома меёбад.









Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






