«ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ? ИЗЗАТ ДОШТАН!..». Соҳибихтиёрӣ имкон фароҳам овард, ки инсон ва ниёзмандиҳои он дар меҳвари сиёсати дохиливу хориҷии давлат қарор гиранд

Сентябрь 2, 2019 09:55

ДУШАНБЕ, 02.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба даст овардани истиқлолият барои миллати куҳану фарҳангсолори тоҷик рӯйдоди нодири таърихӣ буда, имкон фароҳам овард, ки мо соҳиби давлати мустақилу ҳуқуқбунёд гардида, дар ҷаҳони муосир мавқеи шоиста пайдо намоем. Инчунин ҳифзи арзишҳои бунёдии миллатро таъмин намуда, ғояи вантандӯстиву меҳанпарастиро дар тафаккури ҳар як фарди ҷомеа афзун бахшем.

Бешак, истиқлолият ҳамчун тантанаи хирад ва андешаи солори тоҷикон ибтидои марҳилаи нави ҳаёти сиёсии давлатдории мо мебошад, ки ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшида, ба сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ташаккулу такомули ғоя ва андешаи миллӣ, инчунин фарҳангу маънавиёти қадимии миллати мо асос гузошт.

Имрӯз рушду нумуи давлати мо аз ҳар самте, ки нигарем, бо касби истиқлолият пайванд мебошад ва дар заминаи ғояи муқаддаси истиқлолияту озодӣ ҳадафҳои бунёдии ҷомеаи навинамон амалӣ  мешаванд.

Роҳи созандаву бунёдкоронае, ки миллати сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони истиқлолият тай намуд, мактаби бузурги давлатории навини миллиро ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Заминаҳои давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёрро таҳким бахшид, қудрату нерумандии давлатро ба миён овард ва дурнамои самтҳои рушди минбаъдаи ҷомеаро барои наслҳои оянда муайян намуд.

Дар ин айём Тоҷикистон дар ҷаҳони пуртазоди муосир бо ҳифзи вижагиҳои милливу таърихии халқ роҳу равиши хосса ва бесобиқаву нотакрори худро дарёфт, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои ҳокимияти давлатиро таҳким бахшид ва самтҳои ҷараёни инкишофро муайян намуда, бунёди ҷомеаи озоду адолатпарварро ҳадафи олии миллату давлат қарор дод.

Муносибатҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, давлати мо ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваст ва дар як фосилаи кӯтоҳ дар арсаи ҷаҳон сазовори мақому нуфузи хосса гардид. Ташаббусҳои наҷибу созандаро дар масъалаи об, ки ба нафъи кулли сокинони сайёра нигаронида шудаанд, роҳандозӣ сохт.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бори нахуст дар таърихи давлатдорӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия, ки аз рукнҳои муҳими раванди устувории истиқлолият мебошад, заминаи конститутсионии соҳибихтиёриву мустақилиятро таҳким бахшид ва ба раванди рушди низоми ҳуқуқи ватанӣ замина гузошт.

Конститутсия ба ҳайси санади муайянкунандаи тамоми низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқӣ баромад намуда, омили муҳими мустаҳкам намудани арзишҳои бунёдии давлати мустақил ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ баромад намудани халқ гардид.

Ин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ бо дарназардошти такмили минбаъдаи он барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва таъмини суботи иҷтимоии ҷомеа шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ҳамзамон ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, фаъолияти озодонаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконияти васеъ муҳайё кард.

Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки инсон ва ниёзмандиҳои он дар меҳвари сиёсати дохиливу хориҷии давлат қарор гирифта, бо истифода аз ақидаҳои инсонгароёна ва гуманистии мутафаккирони гузашта дар омезиш бо ақидаҳои муосиру пешрафтаи умумибашарӣ сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон аз ҷиҳати муҳтаво боз ҳам ғанитар гардад.

Ҳокимияти судӣ ташаккул ёфт, бори нахуст дар низоми судии мамлакат дар заминаи Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи мамлакат таъсис дода шуд. Он то ба имрӯз бо фаъолияти бомароми хеш адолати судии конститутсиониро дар мамлакат  ба амал мебарорад.

Ҳамчунин дар иртибот ба татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва бо назардошти он, ки ҳокимияти судӣ дар ташаккули давлатдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  нақши муҳим дорад, бо мақсади рушду таҳкими ҳокимияти судӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021 қабул гардиданд.

Дар асоси барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қонунгузории соҳавӣ, аз ҷумла кодексҳои мурофиаии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав қабул ва такмил дода шуда, барои беҳтар гардидани фаъолияти судҳо зимни баамалбарории адолати судӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидаанд, мусоидат карданд.

Муҳимтар аз ҳама, дар даврони истиқлолият низоми ҳуқуқии мамлакат  рушд кард, равандҳои муосири рушди давлату миллат ва ҷашну маросими миллӣ зери танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта, суботу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ побарҷо гардиданд.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тамоми ҳастии худро барои пойдории истиқлолияти комил, сулҳу субот ва рушду нумуи давлат бахшида, зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии Истиқлолияти давлатӣ 8 сентябри соли 2001 зикр доштанд, ки «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Имрӯз пояҳои муаззами истиқлолияту озодӣ, ки ибтидои давлату давлатдории навин ва рамзи олии Ватану ватандории мо мебошанд, устувор буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим доранд.

Албатта, дар бораи истиқлолият ва ҳифзи он сухан ронда, фаромӯш набояд кард, ки агар миллат ин арзиши муқаддасро эмин нигоҳ надорад, барои рукнҳои бунёдӣ ва арзишҳои демократии давлат хатар пеш меояд.

Имрӯз пӯшида нест, ки фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии захираҳои табиӣ дар ҷаҳон ва минтақа метавонанд сабаби  ба хатару таҳдидҳои ҷиддӣ дучор гардидани истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ шуда, омилҳои бунёдкунандаи нооромӣ ва бесуботӣ дар кишварҳои алоҳида бошанд.

Бо дарназардошти ин хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир масъалаҳои таъмини ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намудаанд ва ҳар як шахси худогоҳу худшиноси мамлакат, хусусан ҷавонон бояд масъулияти ҷиддиро дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат  ба зимма дошта бошанд.

Пояҳои истиқлолияту ягонагӣ ва иттиҳоду ваҳдати миллиро бояд ҳар яки мо чун шоҳсутунҳои ҳастии миллат, ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ ва гавҳари  бебаҳо нигоҳ дорем.

Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ

 

Сентябрь 2, 2019 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд