Дар Душанбе доир ба имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқ Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ доир гардид

Сентябрь 17, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сентябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мувофиқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №79 тасдиқ шудааст, Конференсияи байналмилалии  илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор намуд, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар, инчунин намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Кори Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори Маркази миллии қонунгузорӣ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло оғоз гардид. Номбурда зимни суханронии худ иброз доштанд, ки иҷро ва татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи хоси давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Қисмати асосии ҳуқуқи байналмилалии башардӯстиро 4 Конвенсияи Женева, ду Протоколи иловагии 1 ва 2, инчунин, Конвенсияи Гаага оид ба ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар замони низоъҳои мусаллаҳона, ки ба ҳимояи қурбониёни низоҳои ҳарбӣ дахл доранд, ташкил менамояд ва онҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд.

Вазорату идораҳо дар навбати худ фармоишҳои дахлдорро доир ба таъмини иҷрои нишондодҳои Конвенсияҳо ва протоколҳои зикргардида қабул карданд.

Зикр гардид, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар низоми ҳуқуқи ҷумҳурӣ, соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ – ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ, экологӣ ва дигарҳо инъикоси худро ёфтаанд. Дар баробари ин, мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои нишондоди санадҳои зикршуда ваколатдор гардида, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ва татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии башардӯстии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи таъсиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстиро аз 2 июли соли 1999, № 277 қабул кард.

Инчунин бо суханони ифтитоҳӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Зафар, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед, намояндагони Вазоратҳои адлия, фарҳанг, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ назари худро баён намуданд.

Тибқи барнома иштирокчиёни Конференсия бо мавзӯъҳои ҷолибу ҳалталаб баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои мавриди назар фикру андешаҳои хешро иброз доштанд. Доир ба дигар паҳлӯҳои актуалии рушди имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

Дар охири кори Конференсияи байналмилалӣ вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшуда музокирот сурат гирифта, таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.

Расмҳо аз ҷараёни кори Конференсия.

 

Сентябрь 17, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ