Дар Душанбе оид ба рушди сармояи инсонӣ ҳамоиш баргузор гардид

Сентябрь 27, 2019 16:02

ДУШАНБЕ, 27.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб ёфта,  татбиқи он дар рушди тамоми соҳаҳо аҳамияти хосса дошта, дар байни омилҳои дарозмуҳлати рушди минбаъдаи иқтисодиёт ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар ин росто, рушди сармояи инсонӣ дар мамлакат ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Ин матлаб  дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи  «Рушди сармояи инсонӣ: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ» доир шуд, баён гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Маркази тақиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон  иштирок намуданд.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода   зикр намуд, ки ҳамоиши «Рушди сармояи инсонӣ: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ» дар марҳалае доир мегардад, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату  якдилӣ ва муттаҳидии мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устуворро дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста мегузорад.

Зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисодӣ сафарбар намояд».  Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ дар масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл нигаронида шуда, ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Мусаллам аст, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои рушди сармояи инсонӣ чунин афзалиятҳо- ислоҳоти низоми маориф ва илм, таъмини солимии аҳолӣ дар чорчӯбаи сифати зиндагӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани арзишҳои фарҳангии рафтор, ташаккули муҳити мусоид барои зиндагӣ, коҳиши нобаробарии иҷтимоиро муайян намудааст.

Татбиқи ин авлавиятҳо омили самаранок истифода бурдани неруи инсониро барои рушду пешрафти иқтисодиёт ва рақобатпазирӣ дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ муайян месозад. Барои боз ҳам тақвият бахшидан ва баланд бардоштани сифати рушди сармояи инсонӣ ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи мамлакат, иҷрои авлавиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат зарур мебошад.

Гуфта шуд, ки ҳамоиши  «Рушди сармояи инсонӣ: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ»  барои тавсеаи минбаъдаи  сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди сармояи инсонӣ  дар  мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба мавзӯъҳои «Дониш, таҷриба ва маърифат ҳамчун омили рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши илму маърифат дар ташаккули сармояи инсонӣ»,  «Соҳаи тандурустӣ- воситаи асосии рушди сармояи инсонӣ», «Раванди таълими кадрҳо барои рушди сармояи инсонӣ», «Нақши сармояи инсонӣ дар рушди соҳаи фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумии мамлакат», «Нақши сармояи инсонӣ дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат», «Рушди соҳибкорӣ ва имкониятҳои он дар ташаккули иқтисодиёти миллӣ» сухан гуфта, пешниҳодҳои судманд баён намуданд.

Сентябрь 27, 2019 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид