Дар ноҳияи Синои пойтахт оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мулоқот баргузор гардид

Сентябрь 25, 2019 15:13

ДУШАНБЕ, 25.09.2019. /АМИТ «Ховар»/.  24 сентябр дар муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  вохӯрии кормандони милитсияи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ бо омӯзгорон ва  волидони толибилмон баргузор гардид.

Тавре сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода иброз намуд, ин вохӯрӣ  тибқи нақшаи Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати маорифи пойтахт, Раёсати кор бо ҷавонон  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади вохӯрӣ аз татбиқ намудани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иборат буд.

Ҳамчунин А. Фаттозода зикр намуд, ки «имрӯз 71 фоизи аҳолии моро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд ва пеш аз ҳама, падару модарон бояд ба баланд бардоштани савияи дониш ва таълиму тарбияи фарзандони хеш диққати ҷиддӣ диҳанд. Зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори волидон барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад».

Мутаассифона, қонуни мазкур аз ҷониби баъзе падарону модарон иҷро нагардида, фарзандонашон ба ҳуқуқвайронкунӣ  даст мезананд. Ин амали нодурусти онҳо сабаб мешавад, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Ба гуфтаи мавсуф, дар ҳашт моҳи соли равон аз бемасъулиятии падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон 2367 нафар ноболиғон аз тарафи мақомоти дахлдор дар марказҳои дилхушӣ боздошт гардидаанд. Ҳамчунин дар ин 8 моҳ дар ноҳияи Сино нисбат ба 603 нафар падару модароне, ки талаботи қонуни мазкурро иҷро накардаанд, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои дида баромадан ба Суди ноҳия ирсол гардид.

Муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Зебунисо Ҷумахонзода  баён дошт, ки ҳадафи баргузории чунин вохӯриҳои намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ  дар якҷоягӣ бо кормандони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  дар муассисаҳои  таҳсилоти миёна ва олии мамлакат- пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва иҷрои ҳатмии Қонуни мазкур аз ҷониби волидайн мебошад.

«Натиҷаи чунин суҳбату вохӯриҳои созанда аст, ки имрӯз ҳуқуқвайронкунии ноболиғон нисбат ба солҳои пешин камтар аст ва мо кӯшиш мекунем, ки дар оянда корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯртар намоем»,-гуфт Зебо Ҷумахонзода.

Дар ҷамъбасти ҷамъомад падарону модарон ба кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дархосту пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2019 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд