Дар шаҳри Новокузнетски Россия ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои «Ҷоми миллӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар варзишгоҳи бузурги шаҳри Новокузнетски Федератсияи Россия бо дастгирии ҳукумати вилояти Кемерово, ҳукумати шаҳри Новокузнетск, ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск, инчунин бо иштироки ҷамъиятҳои миллатҳои гуногун бахшида ба ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои «Ҷоми миллӣ» баргузор гардид.
Дар мусобиқа бозингарони ҷамъиятҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва варзишгарони Федератсияи Россия ширкат карданд. Дар интиҳо ғолибият насиби бозингарони дастаи «Дӯстӣ»-и ҷамъияти тоҷикон гардида, онҳо сазовори «Ҷоми миллӣ» шуданд.
“Мояи хушнудист, ки имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ парчамбардори миллату Ватан мебошанд. Баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи баланд миёни миллатҳо дар ташаккули дӯстӣ ва ҳувияти худшиносии насли ҷавони мо аҳамияти хосса дорад”,-гуфт зимни суҳбат раиси ҷамъияти “Дӯстии русҳову тоҷикон” дар шаҳри Новокузнетск Шавкатҷон Тоҳиров.
Садбарг БОҚИЕВА,
хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ФР








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






