Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи ҳаштум дар Лигаи олӣ чемпиони Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар сафар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби калони 6:1 мағлуб кард. Пас аз ин муваффақият дастаи «Истиқлол» маротибаи ҳаштум дар Лигаи олӣ чемпион гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Қаблан дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 соҳиби медалҳои тиллоии чемпионати Тоҷикистон гардида буд. Бо ин пирӯзиаш дастаи «Истиқлол» дар шумораи ҷоизаҳо аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода пеш гузашта, серҷоизатарин дастаи мамлакат гардид.
Бояд гуфт, ки дар ин даври мусобиқот бозиҳои дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 1:6, Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 0:5, «Истаравшан»-и Истаравшан бо «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби мусовӣ 1:1 анҷом ёфтанд. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода КМВА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.
Лигаи олӣ. Даври 17-ум.
«Кӯктош» 1-6 «Истиқлол»
«Панҷшер» 0-5 «Хуҷанд»
«Истаравшан» 1-1 «Хатлон»
«Регар-ТадАЗ» 2-1 КМВА «Помир»
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, бозии дастаҳои КМВА «Помир» бо «Кӯктош» бо ҳисоби мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
Голҳои дастаи «Хатлон»-и Бохтарро Абдухалил Боронов (2 гол), Парвиз Охунов ва Умарҷон Шарифов ба ҳадаф расониданд. Ба голи задаи футболбози дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Азизбек Султонов дар нимаи аввал артишиҳо тавассути Шодибек Ғаффоров дар нимаи дуюм ҷавоб доданд. Нобарории дастаи «Кӯктош» сабаб шуд, ки дастаи «Хатлон» бо 22 хол аз 16 бозӣ ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат барояд.
Дар бозиҳои дигар дастаи футболи «Истиқлол» дар майдони худ ба дарвозаи дастаи «Истаравшан» 2 голи беҷавоб зад. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дастаи «Хуҷанд» бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Турсуналӣ Рустамов ба нишон расонид.








Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






