«Дин ва субот»-таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид

Сентябрь 25, 2019 13:33

ДУШАНБЕ, 25.09.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони «Дин ва субот» бо иштироки намояндагони созмони хайриявии «Интернешнл Алерт», кумитаҳои дини шаҳру ноҳияҳо ва як гурӯҳ имомхатибони масҷидҳои мамлакат ҳамоиш баргузор гардид.

Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азизуло Мирзозода зикр намуд, ки “мавзӯи терроризм ва экстремизм дар ҷомеаи кунунӣ ба проблемаи доғи рӯз мубаддал гаштааст. Ин масъала имрӯз на танҳо мамлакати мо, балки ҷомеаи ҷаҳонро низ ба ташвиш овардааст. Дар ҷумҳурӣ чандин сол аст, ки барномаи мушаххаси “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020” амал мекунад. Дар баробари дигар мақомот Кумитаи дин низ дар ин ҷода барномаҳои мушаххас доир намуда, корҳои муайянро ба анҷом мерасонад. Вобаста ба мавзӯи рӯз  як пажӯҳише аз ҷониби якчанд вазорату идора, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ гузаронида шуд ва дар анҷом додани ин кор ташкилоти  хайриявии “Интернешнл Алерт” хизмати босазо намуд”.

Тавре зимни ҳамоиш Роҳбари созмони хайриявии “Интернешнл Алерт” Стюарт Майр иброз намуд:  “Мо кӯшиш намудем дар ин ҷода ба намояндагони дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак намоем, то онҳо ин пажӯҳишро анҷом бидиҳанд. Ин ташкилот самимона умедвор аст, ки таҳқиқоти мазкур барои сиёсатгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимтар аз ҳама, барои ҷилавгирӣ аз хушунат дар оянда мусоидат менамояд”.

Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрам Маҳрамбеков доир ба лоиҳаи «Пажӯҳиши гароишҳо ва ангезаҳои тундравии динӣ дар Тоҷикистон», ки дар асоси тадқиқоти сотсиологӣ анҷом дода шуд, маълумоти муфассалро манзури  ҳозирин намуд.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2019 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад