ДОЛОНИ ТИЛЛОИИ САЙЁҲИИ ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ. Кумитаи рушди сайёҳӣ талош дорад ҷалби сайёҳони хориҷиро баҳри боло бурдани рағбати тамошои «Шоҳроҳи Абрешим» ба Тоҷикистон афзояд

Сентябрь 12, 2019 16:05

ДУШАНБЕ, 12.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 9-11 сентябри соли 2019 дар шаҳри Сиани музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми иқтисодии Авруосиё дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло  Амирбекзода иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, форумро Раиси  шаҳри Сиани музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Гочжун кушода, оид ба  аҳамияти рушди сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир, бахусус  дар самти  ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии миллионҳо одамон ибрози андеша намуд ва нақши бренди «Шоҳроҳи бузурги Абрешим»-ро барои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай муфид арзёбӣ кард.

Форуми мазкур бо ташаббуси Созмони ҳамкории Шанхай ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар доираи СҲШ барои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба ин самт ва эътироф кардани кишварҳои узви СҲШ ба ҳайси кишварҳои марказҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон ташкил ва баргузор гардид.

Дар Форум зиёда аз 100 меҳмонони хориҷӣ аз 8 кишвари узви СҲШ, инчунин зиёда аз 200 ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳама намуди соҳаи сайёҳӣ, макотиби олӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи кишварҳои узви СҲШ ширкат варзиданд.

Сипас дар доираи ҷаласа табодули афкор ҷиҳати рушди сайёҳӣ дар байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи бахшҳо дар мавзӯи: «Долони тиллоии сайёҳии Шоҳроҳи Абрешим» сурат гирифт. Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Ҳ. Амирбекзода вобаста ба захираҳои бузурги соҳаи сайёҳии Тоҷикистон барои навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ, куҳнавардӣ ва сайёҳии шикор инчунин «Низоми сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, дар бораи дастовардҳои назарраси соҳа, ки тавассути дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ ба даст омаданд, маълумоти муфассал дод.

Ҳамчунин, иштирокчиёни Форум маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории кишварҳои СҲШ-ро дар самти рушди саёҳати байналмилалӣ, таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзо ҷиҳати омода намудани роҳбаладон, таҳкими сохтори институтсионалии идоракунии бахши сайёҳӣ, ҳамзамон тадбирҳо оид ба тақвият додани ҷараёни интиқоли сайёҳон дар бозори дохилии сайёҳии кишварҳои СҲШ, талошҳо барои таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ ва пешкаши бозори сайёҳӣ гардонидани он баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Бояд гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Сиани музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳоли рушд қарор дорад. Шумораи сайёҳони чинӣ ва хориҷӣ 247 миллион нафарро ташкил медиҳад ва даромади умумии аз бахши сайёҳӣ 255.481 миллиард юан мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки Тоҷикистон дар ин пайроҳаи таърихӣ қарор дорад ва бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Кумитаи рушди сайёҳӣ бо баргузории чунин чорабиниҳо талоши онро дорад, ки бо таблиғу ташвиқи бештар ҷалби сайёҳони хориҷиро баҳри боло бурдани рағбати тамошои «Шоҳроҳи Абрешим» ба Тоҷикистон афзояд.

Сентябрь 12, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкории фарҳангӣ ва сайёҳиро таҳким мебахшанд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии «Илм барои бехатарии ҷаҳон» иштирок намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Чойхонаи миллӣ барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароит фароҳам оварда мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР БАДАХШОН. Сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, дарёҳои тезҷараён ва кӯлҳои мусаффои он назаррабо мебошанд
Ба пешвози 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангию маърифатӣ доир мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 71-уми ҷаласаи Комиссияи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
ШАҲРИСТОНИ ҲУЛБУК. Бозёфтҳои аз ин ёдгорӣ пайдогардида намунаи санъати олии ҳунармандӣ буда, нотакрор мебошанд
«КОРВОНИ КИТОБ». Ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Бадахшон беш аз 6 ҳазор нусха китоб дастрас мегардад
АМИТ «Ховар» ва ҶСП «Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир»» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Дар Душанбе мубодилаи барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши филмҳо байни Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
Дар мавзуи ташаккул ва рушди синошиносӣ дар Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия доир гардид