Духтарони футболбози тоҷик дар Чемпионати CAFA-2019 соҳиби медали биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 15-сола ба анҷом расид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол намуда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд. Футболбоздухтарони мо дар чемпионати мазкур се бозӣ анҷом дода, дар як бозӣ ба муқобили дастаи Ӯзбекистон ғалаба карданд (2:0), дар ду бозӣ аз ҳамсолонашон аз Эрон (0:4) ва Қирғизистон (1:6) мағлуб гардиданд.
Дастаи мунтахаби Эрон, ки дар ҳар се бозӣ пирӯз шуд, ғолиби Чемпионати CAFA-2019 гардид. Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби Қирғизистон шуд, ки 6 хол ба даст овард.
Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 15-сола
Даври 1-ум
Эрон – ТОҶИКИСТОН – 4:0
Ӯзбекистон – Қирғизистон – 2:6
Даври 2-юм
ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон – 2:0
Голҳо: Рухшона Файзуллоева, 2 (1:0). Рухшона Файзуллоева, 35+3 (2:0).
Қирғизистон – Эрон – 0:1
Даври 3-юм
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 1:6
Голи Тоҷикистон: Малика Қаюмова.
Ӯзбекистон – Эрон – 2:3








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






