Фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон тақвият меёбад

Сентябрь 13, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 13.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Амалисозии ташаббусҳои созандаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва  Эронро  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадтақии Собирӣ  вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ намуда, густариши робитаҳои мутақобилан судманди байнипарлумониро барои рушди фазои ҳуқуқии ҳамкории гуногунсоҳа зарур шуморидааст. Раиси Маҷлиси миллӣ гуфтааст, ки бояд фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон тақвият дода шавад.

Бо дахли татбиқи созишномаҳову қарордодҳои баимзорасидаи байни ду давлат Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки барои густариши бемайлони робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, алалхусус барои ҷалби сармояи эронӣ дар саноатикунонии мамлакат  бояд саъю талош кард.

Назар ба иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода, мусоҳибон ҳамзамон масоили гуногуни амнияти минтақавӣ ва вусъати ҳамкориро дар соҳаҳои мухталифи гуманитарӣ матраҳ намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ паёми шодбошӣ ва даъвати Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон  Алии Лориҷониро ба унвони Раиси Маҷлиси миллӣ бобати дар вақти барояшон мувофиқ анҷом додани сафари расмӣ ба Теҳрон баён кард.  Дипломати  эронӣ зикр  намуд, ки дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Сафир бо ҷалбу сафарбарии имкониятҳои мавҷуда дар татбиқи масъалаҳои матраҳгардида ва тавсеаи муносибатҳои ҳар ду давлати  дӯст саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом пазируфт.

Сентябрь 13, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид