ФУТБОЛ: Футболбозони навраси Тоҷикистон ба дарвозаи дастаи мунтахаби Кувайт 9 тӯби беҷавоб заданд!

Сентябрь 19, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 19.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  бори дигар исбот намуданд, ки онҳо дар қораи Осиё рақиби арзанда надоранд. Дар бозии нахустини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 футболбозони навраси  тоҷик дастаи мунтахаби наврасони   Шри – Ланкаро бо ҳисоби  калони  8:0 шикаст дода буданд.   Дар бозии дуюм  дастаи  мунтахаби  наврасони  Кувайтро   бо ҳисоби  хеле калон-  9:0 мағлуб намуданд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН   шарҳ медиҳад. 

Бояд зикр кард, ки дар айни ҳол дастаи  мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон бо касби 6 хол пешсафи ҷадвали гурӯҳи «А» мебошад. Дар даври чорум-20  сентябр  футболбозони навраси  тоҷик бо дастаи мунтахаби наврасони  Непал рақобат мекунанд. Мо боварӣ дорем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  дар ин сабқат низ соҳиби се хол мегарданд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола
Гурӯҳи «А»

Бозиҳои даври  1-ум
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

Бозиҳои  даври  2-юм

Шри Ланка – ТОҶИКИСТОН – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

Бозиҳои  даври  3-юм
ТОҶИКИСТОН – Кувайт – 9:0

Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – автогол (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Сайдалиев, 47 (5:0). Сунатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Урдун – Шри Ланка – 7:0

Бозиҳои даври  4-ум
20 сентябр (ҷумъа)
19:00. Урдун – Кувайт
22:00. Непал – ТОҶИКИСТОН

Бозиҳои даври  5-ум
22 сентябр (якшанбе)
19:00. Шри Ланка – Непал
22:00. ТОҶИКИСТОН – Урдун

Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе

Сентябрь 19, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд