ФУТБОЛ: Тоҷикистон баъди пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби Қирғизистон мақоми аввалро дар гурӯҳ соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 5 сетябри соли равон бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки мухлисони сершумори футболи тоҷик дар сатҳи баланду хотирмон баргузор шуд. Дар ин рақобати ҷолиб футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба ҳадаф расонид. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Баъди сипарӣ шудани даври якум дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Дастаи мунтахаби Муғулистон низ се хол дораду дар ҷои дуюм қарор гирифтааст. Дар 13 бозие, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом додаанд, дар ҳашт бозӣ футболбозони мо ғолиб омадаанд, се дидор бо пирӯзии футболбозони қирғиз хотима ёфта, ду бозӣ мусовӣ шудааст. Дар тамоми ин бозиҳо футболбозони Тоҷикистон ба дарвозаи Қирғизистон 19 гол задаву 11 тӯб ба дарвозаашон сар додаанд.
Акнун дар даври дуюм футболбозони Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ мекунанд. Ин дидор 10 сентябр дар Улан Батор сурат мегирад. Оғози бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе.
Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022
Марҳилаи интихобии Осиё. Даври дуюм
Гурӯҳи «F»
Даври 1-ум
Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0
Гол: Алишер Ҷалилов, 42.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Хуршед Бекназаров, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 89), Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев (Комрон Турсунов, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 87).
Қирғизистон: Павел Матяш, Темирлан Козубаев, Азамат Бойматов, Эдгар Бернхардт, Мирлан Мурзаев, Бекжан Сагинбаев, Кайрат Жиргалбек, Виталий Люкс, Бактияр Дуйшобеков (Абай Боколеев, 69), Фархат Мусабеков (Алимардон Шукуров, 76), Аҳлидин Исроилов (Турсуналӣ Рустамов, 46).
Огоҳӣ: Кайрат Жиргалбек, Азамат Бойматов, Темирлан Козубаев (Қирғизистон).
Бозингари беҳтарин: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон).
Сардовар: Адҳам Муҳаммад Маҳадмеҳ (Урдун).
Нозири доварон: Кадхум Ауда Лазим Ал-Саидӣ (Ироқ).
Комиссари бозӣ: Бачир Чафик Абдул Холиқ (Лубнон).
Муғулистон – Мянма – 1:0
Гол: Дулгуун Амараа, 17.
Бозиҳои оянда:
Даври 2-юм
10 сентябр (сешанбе)
Муғулистон – Тоҷикистон
Мянма – Япония
Даври 3-юм
10 октябр (панҷшанбе)
Ҷопон – Муғулистон
Қирғизистон – Мянма
Даври 4-ум
15 октябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Япония
Муғулистон – Қирғизистон
Даври 5-ум
14 ноябр (панҷшанбе)
Мянма – Тоҷикистон
Қирғизистон – Япония
Даври 6-ум
19 ноябр (сешанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
Мянма – Муғулистон
Давр 7-ум
26 марти 2020 (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Муғулистон
Япония – Мянма
Давр 8-ум
31 марти 2020 (сешанбе)
Муғулистон – Япония
Мянма – Қирғизистон
Давр 9-ум
4 июни 2020 (панҷшанбе)
Япония – Тоҷикистон
Қирғизистон – Муғулистон
Давр 10-ум
9 июни 2020 (сешанбе)
Тоҷикистон – Мянма
Япония – Қирғизистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд






