Футболбозони дастаи «Моҳир» дастаи «Сарбанд»-ро бо ҳисоби 7 бар 0 мағлуб карданд
ЁВОН, 26.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон бозии тақвимии дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон- «Моҳир» (Ёвон) ва «Сарбанд» (Леваканд) баргузор шуд. Дар он бозингарони дастаи «Моҳир» рақибони худро бо ҳисоби калони 7:0 мағлуб намуданд. Ҳамлагари дастаи «Моҳир» Баҳровар Раҳимов дар ин бозӣ воқеан маҳорати баланд нишон дода, ба дарвозаи ҳарифон 5 гол зад.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маҳорати бозингарии аъзои дастаи «Моҳир» тадриҷан беҳтар мегардад, ки ин барои мухлисон мояи ифтихор мебошад.
Ҳоло дастаи «Моҳир» дар ҷадвали мусобиқа бо 34 хол аз 13 бозӣ дар ҷойи якум қарор дошта, ҳамагӣ 1 бозиро бохта, 1 бозии дигарро мусовӣ анҷом додааст.
Бозии ояндаи дастаи «Моҳир» 1 октябр, соати 16:00, дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон бо дастаи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки то охири мавсим боз 9 бозии дигар боқӣ мондааст.








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






