ХАБАРИ ХУШ: Баҳодур Усмонов дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ғолиб омад!

Сентябрь 13, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 13.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз боксчии машҳури Тоҷикистон, чемпиони Осиё дар соли 2019 Баҳодур Усмонов дар аввалин вохӯриаш  дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, ба ғалаба ноил шуд. Ӯ дар вазни 63 килограмм боксчии украинӣ Олександр Железнякро бо натиҷаи софи 5:0 шикаст дод ва акнун дар даври дуввум,  14 сентябр бо боксчии турк Эрдемир Тюгрул вориди майдони рақобат мешавад. Дарн ин бора шореҳи варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин БӮРИЕВ хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар  20-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба  бокси ғайрикасбӣ, ки аз 7 сентябр инҷониб дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, 4 нафар боксчиёни Тоҷикистон — Бахтовар Сагизов (то 57 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев ( то 81 кг) ва Баҳодур Усмонов ( то 63 кг)  иштирок доранд.

Бахтовар ва Мирзомуҳаммад  дар  зӯрозмоиҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд ва Шаббос бар Лиридон Нуаи шведӣ ғолиб омада, ба даври дуюм  роҳ ёфт. Ӯ дар вохӯрии навбатӣ бо боксчии мисрӣ Абдураҳмон Орабӣ қувва месанҷад.

Сентябрь 13, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд