«ХАМӮШ МОНДАНИ АҲЛИ ХИРАД РАВО НАБУВАД…». Мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар пажӯҳиши шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ

Сентябрь 6, 2019 16:05

ДУШАНБЕ, 06.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чунонки  қаблан хабар додем,  имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии  «Куллиёт»-и  шоир, хаттот, сайёҳ ва орифи бузург Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ баргузор гардид. Он бо дастгирӣ ва маблағгузории бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути нашриёти “Адиб” дар 80 ҷузъи чопӣ, бо теъдоди панҷ ҳазор нусха аз чоп баромадааст.  

 Ба ин муносибат мақолаи пажӯҳишии Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ  «Ховар»  Камол НАСРУЛЛО пешниҳоди шумо мегардад.

ЛОЛА МЕРӮЯД БУРУН АЗ УСТУХОНИ МАН ҲАНӮЗ

Дар пажӯҳиши шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ шоири маъруф ва номдори қарни 19, аз намояндагони дурахшони сабки ҳиндӣ ва мактаби Бедил буда, аз ин хусус худ бо ихлосу ифтихор гуфтааст:

Нашъаи файзе зи субҳи рӯзгори Бедилам,

Қатраи ашке зи чашми интизори Бедилам.

Пой то сар оташи дил  аз таби шавқам гудохт,

Ҳамчу шамъи ашкрезон бар мазори Бедилам.

ДАР АКС: Камол Насрулло.

Аммо мутолиаи ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ  моро ба чунин хулоса меорад: агарчи ӯ дар сабки Бедил шеър гуфтааст, муқаллиди зоҳирии ашъори ӯ набуда, балки дар ин сабк кӯшидааст тозакориҳо кунад, хусусан  андешаҳо ва ғояҳои хоси инсонии худро тасвири шоирона бахшад ва бад-ин тариқ  дастовезҳои шоистаи худро ба адабиёт армуғон орад. Муқаллидона набудан, балки бо тақозои дил ва аз сиришти шоирона берун омадани ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн  дар он низ зоҳир мешавад, ки ӯ  ҳадафҳои муайяни шоириро пешорӯи худ мегузорад ва масъулияти суханварии аҳли адабро дарк мекунад:

Хамӯш мондани аҳли хирад раво набувад,

Ки мағзи писта аён мекунад кушодани лаб.

Ин аст, ки ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн саршори ақидаву андешаҳои иҷтимоию фалсафӣ, рӯҳониву тарбиявӣ мебошад. Яъне Ҳоҷӣ Ҳусайн шоирест, ки бо дарду армонҳои инсонӣ зистааст ва мавқеи солими ӯ дар ҷомеа ӯро дар ростои маърифату фарҳанг, илму адаби замонаш нигаҳ медорад. Ҳоҷӣ Ҳусайн аз шоирони воқеънигорест, ки вежагиҳои инсонӣ ва маънавии ӯ дар ашъораш таҷассуми шоирона доранд ва мутолиаи ин ашъор симои маънавию воқеии гӯяндаашро пеши назар ҷилвагар месозад. Яъне, ҳарчанд шоир дар мадрасаҳои пешсафи Бухорои он замон таълим гирифтаву дар кишварҳои дурдаст зиставу сайри ҷаҳон намудааст ва дар  доираи истилоҳ ва таъбирҳои маъмулии сабки ҳиндӣ суханварӣ кардааст, шеъри ӯ  бардошти табиӣ ва самимона аз рӯзгори замони худаш буда, дар он хусусияҳои хос, ҳатто баъзан маҳаллӣ падидор аст. Ин хусусияти шеъри ӯро метавон бо далелҳои зиёде нишон дод. Масалан:

Ҳамчун калоба дар равиши печу тоби чарх

Мӯйи нафас кашидаам дар изтироб печ.

Шоир барои баёни андеша аз вожаи калоба, тӯпчаи ресмон, ки ба чарха мепечад (чархи ресмонресӣ), ки хоси маҳалҳои тоҷикист, истифода мебарад ва ҳолати рӯҳонии худро тавассути тасвири дар изтироб печ кашидани мӯйи нафас нигориши зебои бедилона мебахшад.

Назари мо дар ин мақола ба ашъори  Ҳоҷӣ Ҳусайн  чун назар ба оинае хоҳад буд, ки дар он ҳар ҷилои дурахшон аз назари маънӣ ва ҳунар, ҳадди имкон, мушоҳида карда шавад. Албатта, наметавон тамоми вежагиҳои дурахшони шеъри ӯро мисол овард, аммо он чи бо як нигоҳ метобад, мекӯшем диққати хонандаи закиро ба он ҷалб намоем. Ва дар ин биниш  андешаҳои инсонӣ ва ҳунари шоирии Ҳоҷӣ Ҳусайн мавриди назари мо хоҳад буд.

Ғазал яке аз навъҳои шеъри суннатии мост, ки бо ҳама кӯтоҳиву ихчамӣ иконият медиҳад, ки ҳатто дар як шеъри кӯтоҳ масоилу ҳадафҳои зиёди иҷтимоиву динию  фалсафиро ҷой бидиҳанд. Ва ҳамчунин дар як ғазал чандин хуҷастагиҳои адабии сабки як шоир метавонад падид ояд. Барои мисол як ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайнро мавриди назар қарор медиҳем.

Дар байти аввали ин ғазал:

Дил якебин гар шавад, чизи дигар даркор нест,

Сурати касрат дар ин оина ҷуз зангор нест,

ки маъниҳои рӯҳонию иҷтимоиро дар худ ниҳон медорад, яке аз хусусиятҳои хосси эҷодиёти шоир —  вожасозӣ, ки далели табъи равони ӯст, дар вожаи якебин мушоҳида мешавад. Аз хусуси ин сифати эҷодиёти шоир, яъне вожасозӣ баъдан сухан хоҳад рафт. Аммо дар байти  мазкур ҳар вожа, аз ҷумла оина, рамзеро  ифода намуда, сурати зиндагӣ ва иштибоҳоти инсониро пеши назар меорад ва  ҳидояти шоир ба якебинӣ, яъне дидани Ҳақ  ва ҳақиқат аст.

Сипас ҳар байт як маънои фалсафиро дунболагир аст, ки шарҳи ҳар кадоми он мавзӯи мақолаи таҳқиқӣ тавонад буд:

Нестӣ хосияте дорад, ки пеши ҳимматаш

Ҳарду оламро ба як ҷав қимату асрор нест.

Ва ин ҷо низ ҳар вожаю таъбир: нестӣ, ҳиммат, ҳарду олам, ҷав рамзу маъниҳои  асотириву диниро бо худ мебаранд.

Аммо шоир пайваста аз андешарониҳои баланд  ба зиндагии воқеии ҷомеа ворид мешавад:

Мо, заифон, чун сиришк аз паҳлуи афтодагӣ

Ҷилваи мо лағзише дорад, ки ноҳамвор нест.

Тавассути таъбирҳои бедилонаи паҳлуи афтодагӣ, лағзиши ҷилва ва тасвири шоиронаи сиришк шоир ҳолати воқеии рӯзгори худро ба қалам медиҳад.

Дар байти дигари ин ғазал:

Сина то равшан кунӣ, зулматсарои тан биҳил,

Нур нанмояд дарун, то хона бедевор нест,

ҳамон вежагиҳои ҳунарии хоси сабки Бедил мушоҳида мешаванд. Дар мисраи дуюм андешаи шоиронаи мисраи аввал бо мисоли мушаххаси зиндагию табиат қавӣ гардонида мешавад. Шоир бо далеле равшану муътамад аз зиндагӣ ба андешаи боло қатъият мебахшад. Яъне зулматсарои тан имкон намедиҳад сина равшан кунӣ, чунон ки девор пеши нури даруни хонаро мебандад. Ин ҷо ҳадафи шоир, аз ҷумла, гузаштан аз баҳри деворҳои маснӯии зиндагӣ, хусусан аз ҷаҳолат ва хурофоту таассуб аст, ки зиндагиро зулматсаро кардаанд.

Аммо дар байти дигар назари тоза ва равшанфикрии шоир ҷилвагар мешавад, вақте мегӯяд:

Ғайри ҳарфе нест дарси мактаби мо бедилон

Сабҳаҳо фарсуд, аммо ҷуз яке такрор нест.

Ин ҷо мо як сифати дигари инсонию шаҳрвандии Ҳоҷӣ Ҳусайн — ҷасорату ҳақиқатбаёнӣ ва равшанфикрии  ӯро дармеёбем. Бубинед, ӯ рӯирост эрод ба тарзи таълими кӯҳнаву фарсудаю карахти замони худ, ба макотиби динии даврон мегирад, ки соатҳои қимати таълимии худро бо тасбеҳгардониҳо ва вирди батакрору дилбазани як вожа мегузаронанд.

Ҷуръати Ҳоҷӣ Ҳусайн аз ин ҳам фаротар меравад ва  дар байти баъдина  эроде боз ҳам ҷасуронатар ба сарварони дурӯғин ва авомфиреби роҳи дин мегирад ва онҳоро дар як саф бо мардуми фориғ аз ислом, яъне номусулмон (ҳайати зуннор) мегузорад:

Худнамоён суманот аз хеш пайдо кардаанд,

Саҷдаи ин қавм кам аз ҳайати зуннор нест.

Шоири равшанзамир ба мардум маслиҳат медиҳад, ки фурӯғи нури тоатро дар салоҳи дил дарёбанд ва бо тасвире ҳунармандона дар сабки хоси Бедил ба андешаи худ бадеияти шоирона мебахшад:

Бе салоҳи дил набошад нури тоатро фурӯғ,

Кам диҳад ҳосил зироат, гар замин шудгор нест.

Ва бо тасвирҳои дигари ноби шоирона андешаи худро дар мазаммати сияҳкорони даврон боҷуръатона идома медиҳад:

Аз сияҳкорон наёяд санъати шоистае,

Теғро каҷпайкарӣ ҷуз айби оҳанкор нест.

Яъне “сияҳкорон” омӯзгорони номуваффақе ҳастанд, ки мисли оҳангари беҳунар ҳосили кораш ношоям, яъне “теғи каҷпайкар” хоҳад буд.

Ва дар охир ишорат мекунад, ки ин андаке аз он аст, ки  метавон дар ифшои камбудиҳои аҳли дурӯғини ислом гуфт, аммо муҳит носозгор аст:

Ҳоҷиё, аз гуфтугӯи ину он лаб бастаем,

Рамзҳо дорем, аммо маҳрами асрор нест.

Шоир барои баёни андешаҳои маърифатомӯз тавассути услуби пешгирифтаи худ – сабки ҳиндӣ бо истифода аз манзараву муҳити ошно ва фаҳмо ба мардуми деҳқонпешаи  диёраш тасвирҳои шоирона месозад ва ба ин восита некиро тарғиб менамояд:

Бадон аз ихтилоти некувон шириннамо бошанд,

Шавад дӯғи туруш, чун шир танҳо шуд зи равғанҳо.

Оҳангҳои  иҷтимоиро дар  шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайн зиёд эҳсос мекунем ва ин далели он аст, ки шоир бо дарду розу ниёзи мардум зистааст ва нисбат ба адолати иҷтимоӣ бетафриқа набудааст. Аз ҷумла, вақте ӯ бо киноя аз кулфату  бенавоии даврон сухан мекунад, худро ҷудо аз ин манзара намебинад:

То маро шасти қазо дар ин фазо афкандааст,

Бенавоӣ роҳату кулфат наво афкандааст.

Ҳамчу ман хиҷлаткаше дар олами изҳор нест,

Аз тасаллӣ бар кафи сифрам ҳино афкандааст.

Ва ин симо симоест, ки аз миёнаи халқ пешорӯи замона боло мешавад ва арзу ниёзи халқро таҷассум менамояд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн масоили иҷтимоии рӯзгорашро ҳунармандона, бо тасвирҳои шоирона ба қалам медиҳад, чунончи дар байти зайл бесоҳибии замона аз ҷониби ӯ чунин тасвири бадеӣ меёбад:

Киштии бишкастаи мо то ба соҳил чун расад,

Дар муҳити бекаронаш нохудо афкандааст.

Ва дар ин ҷо киштии бишкаста, соҳил, муҳити бекарон ва нохудо ҳама рамзҳое мебошанд, ки тавассути онҳо симои ноҳинҷор ва шигифтангези замон тасвир ёфтааст. Нохудо афкандани киштии бишкаста ва шубҳанок будани басоҳилрасии он чунин маънӣ мебарад, ки замона — “киштии бишкаста” “нохудо”, яъне раҳбалади шоистае надорад.

Инъикоси  рӯҳияи замона тавассути тасвири манзараи табиат дар шеъри Ҳоҷӣ муассиртар аз  баёни рӯирости вазъи носолими замона ба қалам омадааст:

Субҳ ҳамчун ман аз ин водӣ ба нокомӣ гузашт,

Як дами оҳе кашиду ҷайби ҳастӣ кард чок.

Дар ҷойи дигар тасвири беофиятии замонро низ хеле  мусаввирона ба қалам медиҳад:

Хаёли офият ин ҷост дар пари анқо,

Махоҳ, Ҳоҷӣ, дар ин бум ошёни куланг.

Дар ин мисолҳо тасвири образноки  аз ин водӣ ноком гузаштани субҳ ва ба дами оҳе чок кардани ҷайби ҳастӣ, ё дар пари анқо будани хаёли офият, яъне муҳол ва афсона будани  ҳузури офият дар ин вайрона, ки ҳокими он бум аст, хаёли ботил будани аз ин муҳит ҷустани ошёни куланг, яъне мурғи баландпарвоз  ҳама тасвирҳои рамзии шоиронаанд, ки ба воситаи онҳо шоир вазъ ва муҳити носолими замонашро ҳунармандона ба қалам додааст.

Як сифати дигари эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн, ки мушоҳида шуд, зуҳури оҳангҳои худшиносӣ ва ҳатто метавон гуфт худшиносии миллӣ дар ашъори ӯст. Бубинед, оё дар мисраъҳои зер аз ғафлати ҷомеа бонги изтироб задани шоирро намешунавед:

Саҳаргаҳон, ки ба ҳам мерасад навои хурӯс:

Барои ғафлатиён мезанад кафи афсӯс.

Ҳанӯз мартабаат, эй ҳумои улвӣ, ҳаст,

Чу чуғд бар сари ин бум гаштаӣ маҳбус.

“Ҳумои улвӣ”, ки ишора ба гузаштаи пурифтихори ин миллат аст, имрӯз дар ин муҳити ғафлатиён шабеҳи ҷуғдест маҳбуси муҳити дарғафлатмонда.

Ва барои боз ҳам таъсирбахштар шудани сухан оид ба худшиносии худ шоир тасвире меорад шоиронаву бебаҳс:

Зи вазъи пайкари наргис таамуле дорам,

Нишаста бо кафи пурсиму зар чаро маъюс?

Ин наргис рамзи халқи мост ва он кафи пурсиму зари ӯ ҳунар, таҷриба  ва дониши асрҳо андӯхтааш мебошад. Ва ин нидои шоир даъватест ба бедорӣ,  ба худшиносӣ ва расидан ба қадру қимати худ.

Оҳангҳои панду андарз  ва раҳнамоии ҷомеа ба зиндагии солим яке аз хусусиятҳои ҷолиби шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайн аст.  Дар осори ӯ ёфтани ғазале душвор аст, ки дар он як — ду ё якчанд байти андарзӣ ё ҳикматбор набошад. Масалан дар фавоиди хомӯшӣ ӯ мегӯяд:

Шевае дорад хамӯшӣ, ҳифзи чандин обрӯст,

Ғунчаро як лаб кушудан мебарад аз сар кулоҳ.

Ҷиҳати ҷолиб ин аст, ки панду андарзҳои Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳам бо тасвирҳои ноби шоирона, бо пардози андеша баён ёфтаанд, ки таъсирнокии онҳоро афзунтар месозад:

Бе сиришки дидаи тар нест тоат эътибор,

То нагиряд абри найсон, тоза набвад лолазор.

Дар пероҳани зебою мунаққаши ҳунар ба тасвир омадани андешаҳои пандомези Ҳоҷӣ шеъри ӯро таровати хоса мебахшанд:

Дар ин маҳфил зи шамъ, эй бехабар, ибрат намегирӣ,

Ки меояд ба по охир сар аз гарданфарозиҳо.

Намунаҳои панду ҳикматро аз ашъори Ҳоҷӣ метавон фаровон далел овард. Масалан, дар мазамматм худнамоӣ:

Зи дасти худнамоӣ оқибат бар худ зиён кардам:

Фурӯғи шамъ, чандоне, ки боло рафт, пойин шуд.

Дар мазаммати пургӯӣ:

Донӣ, ки туро як даҳану гӯш ду аз чист?

Яъне, ки ду чандон шунаву гӯй ту як чанд.

Ва бубинед ин тозагӯиҳои образноки шоиронаро дар шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайн:

Гар набастӣ кӯрии ғафлат нигоҳи ибратат,

Ҳар табассум хандае будӣ лабони гӯрро.

Тарғиби сифатҳои неки инсонӣ дар саросари ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн ба чашм мерасад. Дар байти зер дар баробари тарғиби хоксорӣ ва подоши он тасвири бузургии замин нигориши шоирона ёфтааст:

Хок чандоне, ки андар зери по саркӯфтаст,

Сози таслиме, ки дорад, соҳиби нашъу намост.

Дар ғазале, ки бо матлаи

Ин чаманро, ҳар кӣ омад, як замон нодида рафт,

Гул агар бишкуфт, аммо ғунчасон нодида рафт,

оғоз меёбад, ҳолати рӯҳонии инсон, “гузашт умр” ва “ваҳшати имкон”, ки чашми моро пӯшида медорад ва моро маҳрум аз диданиҳои зиндагӣ мегардонад, олами рӯҳонии инсон тасвири маънидорона дорад ва хулосаи шоир, ки нигоҳи мо мисли “айнаки лавҳи ҳубоб”  “як намудоре нишон нодида рафт”, бидуни шубҳа хонандаро ба андеша меорад, то чашми мо бар ҷаҳону ҳодисот ва зебоиҳои он боз бошад.

Дар ҳамин ғазал ҳамчунин рӯҳия ва мавқеи ҷавонмардии шоир, ки хонандаро ба қаноатпешагӣ тарғиб мекунад, таҷассум  ёфтааст:

Муфти он озодмарде, к-аз қаноатмашрабӣ

Миннати ноне зи хони мунъимон нодида рафт.

Ва дар ҳамин шеър мо ба саволи “некӯтарини мардумон кист?” ҷавоби қаноатбахш меёбем, ки чунин аст:

Ҳоҷиё, некӯтарини мардумон донӣ, ки кист?

Он, ки айби хеш диду аз касон нодида рафт.

Яке аз мавзӯъҳои ҷолиб дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн  мазаммати ҷаҳолату зулм, хурофоту таассуб, зоҳидони худбину  муллотарошони риёкор аст, ки ҳамеша ба пешрафти ҷомеа монеаҳо эҷод мекардаанд. Мутаассифона, ин мушкил имрӯз ҳам аз байн нарафтааст ва мардуми содабовари мо ҳанӯз ҷо-ҷо гирифтори онанд.

Бидуни шубҳа,  танқиди ин гурӯҳи ҷомеа, ки бо ҳар роҳе дифоъ аз манфиатҳои пурғарази худ мекарданд, дар он замонаи ҳукмронии хурофот ҷасорати  хоссба талаб мекард. Инсоне чунин равшандил ва огоҳ мисли Ҳоҷӣ Ҳусайн бо табъи зарифе, ки дошт, наметавонист чунин муҳитро таҳаммул бикунад. Дар ин хусус ӯ худ чунин баёни андеша намудааст:

Сӯҳбати дунфитратон равшандилонро хиҷлат аст,

Шӯъла дудомез шуд, гардад ба чӯби тар тараф.

Ва ин андешаҳоро шоир на як бору ду бор такрор мекунад ва дар онҳо на ба манфиати мардуми камбағал будани рафтори риёкорон таъкид шудааст:

Шеваи аҳли карам чун бо  риё олуда шуд,

Аз сари хони каромат муфлисон гарданд манъ.

То фалакро дастгоҳи сози бераҳмӣ баҷост,

Аз тааддӣ ҳеҷ набвад золимон гарданд манъ.

Маълум мешавад, ки муллоёни дурӯғин ва фазилатфурӯш дар ҳар замоне дар ин кишвар будаанду Ҳоҷӣ Ҳусайн низ аз ҳузури онҳо мушавашхотир будааст:

Ҳайфи он умре, ки дорад мавлавӣ сарфи назар,

З-ин фунуни сафсата, ё Раб, ба ин мулло чӣ ҳаз?

Дар баробари мазаммати зуҳди хушки зоҳид Ҳоҷӣ Ҳусайн ҷуръат мекунад мардум ва ҷомеаро ба тағйирот ва ислоҳот дар ин самт даъват кунад:

Зи зуҳди хушки зоҳид маъние ҳосил намегардад,

Магар бар ин ҳаюло сурату ранги дигар резӣ.

Ҷо-ҷо  дурахши ҷуръати шоиронаи Ҳоҷӣ, озодандешии ӯро дар ашъораш хеле равшан мушоҳида мекунем. Масалан зидди ҳиҷоб будани ӯ дар байти зер бармало падидор аст:

Дар он даме, ки рухат бе ҳиҷоб ханда занад,

Зи шавқи хандаи ту офтоб ханда занад.

Ва дар ҷойи дигар ин андеша боз ҳам равшантар баён меёбад:

Хоҳиши мост ҳар даме ҷилваи бениқобият,

Майли дили хароб ҳам як назари шумост бас.

Дар мавриди ба ҷинси латиф тааллуқ доштани ин шеър ҷойи баҳс наметавонад буд, зеро дар матлаъи ин ғазал чунин омадааст:

Моҳи дуҳафтсолаам, хубӣ ҳама турост бас,

Дар ҳама ҷамъи хушқадон қадди ту хушнамост бас.

Гумон меравад, ки шоир ҳанӯз дар он замони тор ҷонибдори озодии занон буда, баробарии зану мардро мепазируфтаву тарғиб намудааст:

Фарқи зану марде ҳама як ришу бурут аст,

Ҷуръат шуда дар дағдағаи таври замон ҳеҷ.

Ҷолиб аст, ки ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн оҳангҳои зиёди ҳасбиҳолӣ дорад ва аз мутолиаи дақиқи он метавон дар бораи ҳаёт, шахсият ва хилқату хислатҳои инсонии шоир маълумот пайдо кард. Масалан, аз байти зайл сифати таҳаммулпазирии шоирро метавон дарёфт:

Ҳар қадар сангзанон санг ба ман андозанд,

Ҳамчунон домани куҳсор таҳаммул дорам.

Дар аксари навиштаҳои шоир шахсияти боризи ӯ, донишу таҷриба, андешаҳои фалсафӣ, фарогирии таъриху асотиру суннатҳо ва хусусан фазилатҳои инсонии ӯ  ба хубӣ ҷилвагар аст.

Маълум мешавад, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн як инсони некманиш, як шахси раҳмдил ва ғамхори мардум будааст:

Хотири беғубори ман мазҳари инфиол шуд,

Бар сари ҳар кӣ ғам расид, аз дили ман кашид сар.

Ва ин андеша ҳамрадифи суханони дар олами маънӣ машҳурест, ки агар ҷаҳон таркад, таркиши он аввалқадам аз дили шоирон мегузарад.

Бо далелҳои зиёд метавон нишон дод, ки саросари ашъори шоир тарғиби адолату некиву хайрхоҳӣ ва раҳму шафқат аст.

Аз мутолиаи ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн бармеояд, ки хислатҳое чун тамкину тавозӯъпешагӣ,  сабру таҳаммул, хоксорӣ дар муқобили худнамоӣ дар сиришти инсонии ӯ мустаҳкам ҷой гирифта будаанд:

Буд ҳазор имтиҳон ,  зери лабам хамӯш монд,

Баҳр намекунад бурун аз кафи хештан гуҳар.

Сиришти неки  шоир мисли замини пурсамару бахосият аст, ки ҳосилаш сарсабзию шукуфоиҳост ва ин маънӣ дар байти зерин хеле шоиронаву зебо баён ёфтааст:

Дар кафи хокам ҳамон хосияти рангу вафост,

Лола мерӯяд бурун аз устухони ман ҳанӯз.

Имрӯз бо гузашти солҳо аз ҳастии шоир мо мебинем, ки ӯ хато накарда буд, имрӯз низ ашъори шоир вирди забон асту бо худ нури фазилат мебарад ва воқеан: лола мерӯяд бурун аз устухони ӯ ҳанӯз.

Шеърият ва тасвирҳои шоирона низ аз вежагиҳои дурахшони шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайн аст. Аммо ин тасвирсозиҳо ҳаргиз саъаткорӣ ба хотири санъат набуда, дар ҳар тасвир ё ҳолати рӯҳонии инсон,  ё  як дарду ниёзи мардум ва масъалае тарбиявию фалсафӣ бардошта мешавад. Аммо муҳим ин аст, ки  баёни ин мавзӯъҳои  маълум хеле шоирона аст чун дар байти зайл:

Аз оташи шавқат ҷигари хаста кабоб аст,

Кошонаи чашмам чу қадаҳ дар таҳи об аст.

Ин ҷо тасвири чашми муфради ғиноӣ нигориши тоза дорад.

Аз  ҳамин ғазал, ки қариб ҳар байташ як тасвири шоирона дорад, метавон боз мисол овард:

Аз неъмати алвон нашавад сер тунукзарф,

Дар баҳр тиҳӣ косаи вожуни ҳубоб аст.

Барои исботи маънии мисраи аввал, ки пандомез аст, дар мисраъи дуюм шоир тасвири олиҷанбе меорад, ки мушоҳидаи шоиронаи аҷибе  дорад.

Тасвирсозиҳои рангини шоиронаро дар ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн  метавон фаровон пайдо кард:

Ғуборам то зи гарди домани дилдор гулчин шуд,

Гулистон шуд, чаман шуд, сабз шуд, товуси рангин шуд.

***

Хислати ҳар кас ба қадри дастгоҳи ҳиммат аст,

Рӯз нур оварду зулматро парешон кард шаб.

Шояд дар ашъори шоирони пайрави сабки Бедил такрори тасвиру андешаҳо кам нестанд, аммо аз шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайн метавон тасвирҳоеро пайдо кард, ки гумон меравад, маҳсули тахайюли шоирона ё бозёфти эҷодии худи ӯянд:

Дар арзи нотавонӣ андешаи бало нест,

Бар соя нест биме бар рӯи об рафтан.

Ё чунин лутфҳои зебои шоирона низ ҳосили эҷодкориҳои ӯянд:

Эй дӯст, биё, дар қадамат зор бигирям,

Ту ханда куну гӯ, ки чӣ миқдор бигирям.

Шеърҳои Ҳоҷӣ Ҳусайн аз ҷиҳати мавзунӣ ва баёни дарду армонҳои мардумӣ аксар мувофиқ ба сурудананд ва ба хазинаи тилоии “Шашмақом” ворид шудани чанде аз онҳо бесабаб нест. Аз ҷумла ин байти дурахшон ва вирди забонҳо яке аз  онҳост:

Зи ғами фироқ, Ҳоҷӣ, ба фиғон чаро нанолам,

Ки чу най зи найситонам ҳама кас бурида бигзашт

Дар мавриди ҳунари шоирии Ҳоҷӣ Ҳусайн метавон  илова кард: азбаски сабки ҳиндӣ худ сабки ҳунар аст, саросари ашъори Ҳоҷӣ аз тасвирҳои ноби шоирона, санъатҳои зебои сухан, баёнҳои рангин иборат аст.  Шоир бо ин ҳама андешарониҳои бикр ва тасвирсозиҳои ҳадафнок санъати суханро ҳамеша пеши назар дорад ва аз он корбаст мекунад. Хусусан санъати таҷнис, ки ба шеър оҳанги хос мебахшаду  онро бештар хонданӣ мегардонад, дар шеъри ӯ бисёр корбаст шудааст:

Аз шоми ту шамол ба Чин  то шамим бурд…

Вожаҳои шоми, шамол, шамим дар ин сатр далели гуфтаҳои моянд.

Чун аз санъати ҳамоҳангӣ сухан рафт, метавон боз мисолҳо овард:

Аз баъди вафотам чу намоӣ хами гесу-т,

То бут биёбам, шиканам тахтаи тобут.

Ё боз:

Чун шамими шом зулфат дар машом.

Як хусусияти ҷолиби дигаре, ки дар шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайн мушоҳида шуд, тозаҷӯиву тозакорӣ, таҷрибаҳои навгароии ӯ дар сохтори шеър аст. Масалан, ӯ таҷрибаҳое дар забону баён ва қофиясозиҳо  кардааст:

Баҳор омад, ҳанӯзам хотири ношод хастастаст,

Мабодо ҳеҷ бишкаста чу ин мино шикастастаст.

Шикоят аз замону шиква натвонам зи гардун кард,

Ки ҳарчӣ мерасад бар мо, набишти ҷабҳа ҳастастаст…

Макун таънам ба худбинӣ, ки фикри бехудӣ моро

Шикастастаст,шикастастаст,шикастастаст,шикастастаст.

Ва бемуҳобо,  дар осори Ҳоҷӣ Ҳусайн як вежагии дигари ҳунари ӯ чун намояндаи сабки бедилӣ  вожа ва ибораофаринии ӯст, ки  ба хубӣ падидор аст. Чанд мисол: ҳаммансабон, майи карашма, камони ишва, фарбеҳи ҳарзанозияст, бастарӯ, надоматфитрат, ҳиҷроннасиб, фанохор, бастаниқоб, тунукзарф, сурфаи фурсат, ҳарзафиғон, гулшани имкон, сурати рафтан, шеваи лағзиш, Фарҳодталош, сурфаи авқот, ваъдагоҳи ҷилва, хобпеч, гумраҳсифат, ҷуръатовоза, машраби тунукзарфӣ, гирудорандешӣ, фасодандеша, гирятаҳрир, шитобгир, тифлагӣ, маҳвинтизорӣ, маҳтобравиш, сафоандеша, пажмурдаэътибор, ҳарзанигоҳӣ, суханқарор ва даҳҳои дигар.

Ин ҳама заркориҳо дар сухан ва дастовардҳо дар шеър аз ҷониби  Ҳоҷӣ Ҳусайн бидуни заҳмат ба даст наомада, балки гувоҳи онанд, ки  муносибати ӯ ба шеър хеле ҷиддӣ ва бо камоли масъулият будааст, чунон ки худ инро иқрор кардааст:

Бо суҳулат метавон тарзи сухан оғоз кард,

Аз ҷигар то хун наёмад, мисрае тазмин нашуд.

Дар фуроварди сухан байте беҳтар аз ин наметавон овард, ки дар он Ҳоҷӣ Ҳусайн тавонистаааст ҳаёти шоиронаи худро хеле бадеъу фишурда ҷамъбаст бахшад:

Ба дил то парваридам донаи меҳру муҳаббатро,

Хазонеро баҳор овардаму боғи Ирам кардам.

 

12.08.2019.

Сентябрь 6, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад