ҲИФЗУ ТАҲКИМИ ДАСТОВАРҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ҲУШЁРИЮ ЗИРАКИИ СИЁСӢ МЕХОҲАД. Ин чӣ маънӣ дорад? Ба ин суол корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посух медиҳад

Сентябрь 7, 2019 09:46

ДУШАНБЕ, 07.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир тибқи маълумоти этнологҳо, 3-4 ҳазор халқиятҳо зиндагӣ мекунанд, ки аз ин миқдор танҳо ҳудуди дусад халқият давлати худро дошта, дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти соҳибихтиёр фаъолият менамоянд. Миёни ин ҷамъияти башарӣ тоҷикон низ аз ҷумлаи умумиятҳои этникие мебошанд, ки тавонистанд то ба сатҳи миллат ташаккул ёфта, ба бузургтарин ҳадафи миллию сиёсӣ, яъне ташкили давлати мустақил мушарраф шаванд. Ин чӣ маънӣ дорад ва чӣ масъулияте назди мо мегузорад? Дар ин бора корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф АБДУҶАББОРОВ андеша меронад.

Тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар тӯли ду ҳазор соли сипаригаштаи мелодӣ чӣ қадар давлатҳои хурду бузург аз миён рафтанд, чӣ қадар империяҳои тавоно завол ёфтанд, чӣ қадар халқу миллатҳои бонуфуз аз харитаи олам беному нишон гаштанд ва забонҳои машҳуру фарҳангҳои оламгир ба фаромӯшхонаи таърих афтоданд.

Тайи ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон низ сахтиҳои зиёди таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳё ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид. Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, ки ба оғози солҳои 90-ум рост омад, арзиши бузуги давлатдории тоҷикон аст.

Тамоми муборизаҳое, ки дар тӯли таърих аз ҷониби тоҷикон анҷом дода шудааст, ҳадафи озодӣ ва истиқлолхоҳӣ ҳамеша дар меҳвари онҳо қарор дошт ва истиқлолият ҳамчун ормони бузурги ҳастии миллӣ ба шумор мерафт. Ҳар насли гузаштаи даврони зулми аҷнабиён бо ормони озодӣ зиндагӣ мекард ва бо ҳамин ормон аз дунё мерафт. Насли имрӯза аз ҷумлаи хушбахттарин тоҷикон дар тамоми давраи таърихии ҳастии миллат мебошад, зеро онҳо дар ҷамъбасти ормонҳои ҳазорсолаи миллат, яъне расидан ба истиқлолият зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, доштани ифтихор аз истиқлол ниҳояти кор нест. Дар зинаи кунунии рушду инкишоф ва авҷи рақобатҳои шадиди геополитикӣ, дар баробари ифтихори миллӣ, доштани ибтикори миллӣ барои ҳар як сокини мамлакат муҳим мебошад.

Айни замон миллатҳое мавҷуданд, ки аз нигоҳи таърих, фарҳангу оин, забон ва таркиби демографӣ ҳуқуқи табиии ташкили давлати мустақилро соҳиб мебошанд, аз ҷумла, фаластиниҳо, курдҳо, баскҳо, тибетиҳо, сикхҳо ва ғайра, вале бо вуҷуди муборизаи пайвастаашон тайи асрҳо ба ин мақсади худ ноил намешаванд. Зеро низоми муосири байналхалқӣ таҳти рақобатҳои пинҳону ошкорои қудратҳои ҷаҳон боз ҳам мураккаб гардида,  фазоро барои амалӣ шудани ҳадафҳои сиёсию таърихии халқу миллатҳои алоҳида душвортар месозад.

Бояд зикр намуд, ки дар баробари ба даст овардани соҳибихтиёрии миллию давлатӣ ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии давлат  аҳамияти  бештар пайдо мекунад. Тайи даҳсолаи охир дар арсаи байналмилалӣ чандин ҳолатҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз мушкилоти рўзафзуни ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ гувоҳӣ медиҳанд. Минтақаҳо ва сокинони алоҳидаи давлатҳо аз мустақилии хеш хабар дода, бо ҳамин гӯё худро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ карданӣ шуданд. Ҳолатҳои мазкур ҳарчанд ташаббуси худи халқҳои ин минтақаҳо нишон дода шавад ҳам, ҳатман бо дастгирӣ ва мусоидати қудратҳои алоҳида амалӣ мегарданд. Таҳлили вазъи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки формулаи «тақсим намову ҳукумат рон» аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ин стратегияи қудратҳои ҷаҳон, ки тибқи сенарияи «ҳаст кардани чанд миллати хурд ва нобуд сохтани як давлати бузург» анҷом дода мешавад, хатари бузурге барои истиқлолияти давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои миллӣ, вале имкони хуб барои давлатҳои бузург ҷиҳати тавсеа бахшидани нуфузи худ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 90-ум вазъият ноором гардида буд. Душманони миллат аз фурсат истифода бурда, минтақаҳоро ба душмани ашаддии якдигар табдил доданд.  Муборизаҳои сиёсии қувваҳои гуногун дар бадтарин шакли зоҳиршавии терроризм амалӣ мегардид.  Ҳамаи ин дар якҷоягӣ давлатро ба марҳалаи нестии воқеӣ наздик сохт, аммо бо кӯшишҳои солим ва талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо гардида, ҳамаи ин равандҳои ҷудоихоҳӣ зина ба зина аз байн бурда шуд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллиро истиқлолияти дубораи Тоҷикистон номидан мумкин мебошад. Дар партави он миллат ба истиқлолияти фикрӣ расид, худро шинохт ва сохт.

Мутаассифона, баъзан ақидаҳое миёни омма ва ҳатто зиёиён мавҷуданд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон заҳмат ва муфт ба даст омадааст. Бояд таъкид намуд, ки ин зумра инсонҳо фақат парокандашавии ногузири Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамин тавр ба ҷумҳуриҳои мустақил табдил шудани давлатҳои иттифоқро асос қарор медиҳанду халос, аммо нодида мегиранд, ки барои Тоҷикистони шӯравӣ, ки замина барои таъсиси Тоҷикистони мустақил шуд, чӣ қадар заҳматҳо паси сар шуда буданд. Заҳматҳо ва талошҳое, ки фарзандони барўманди тоҷик дар солҳои 20-уми асри XX ба муқобили пантуркизм ва мавқеи яктарафаи роҳбарияти ҳамондавраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои ташкили ҷумҳурии мустақил бурданд, аз рӯйи аҳамият на камтар аз муборизае буд, ки бар зидди лашкари искандариҳову арабҳов ва чингизиҳо анҷом дода шудаанд. Бинобар ин, агар мо гӯем, ки Истиқлолияти давлатиро на муфт аз давлати Шӯравӣ, балки аз гузаштаи боифтихори худ мерос гирифтаем, мантиқӣ хоҳад буд.

Вобаста ба андешаҳои болозикр аз ҷониби Пешвои миллат дар суханронӣ ба ифтихори 11-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ зикр гардида буд, ки «ақидаи ба осонӣ соҳиби мустақилият гардидан шояд зоҳиран дуруст бошад, вале агар мо ба моҳияти масъала ва ҷавҳари бунёдии он назар андозем, баръало мебинем, ки истиқлолият ва озодӣ давоми садсолаҳо маънии таърихи халқи мо будааст. Яъне расидан ба озодии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, сохибихтиёрӣ дар корҳои давлатдорӣ, аз ҷумлаи талошҳои тўлонӣ ва ҳамешагии миллати мо давоми ҳазорсолаҳо буд».

Дар замони худ Макиавеллӣ зимни таҳлили таҷрибаҳои воқеии давлатдорӣ ду хулосаи муҳимро зикр намуда буд: а) «нигоҳ доштани ҳокимият нисбат ба бадастории он мушкил аст»; б) «ба даст овардани ҳокимият мушкилтар аз нигоҳ доштани он мебошад». Ин ду андешаи ба ҳам зидди худро ӯ дар асоси далелҳои мушаххас тасдиқ намудааст. Воқеиятҳои низоми сиёсии муосир водор месозанд, ки ба андешаҳои мазкур бо диди дигар назар афканем. Низоми сиёсии олами муосир чунон мураккаб шудааст, ки «ҳам ба даст овардани ҳокимият ва ҳам нигоҳ доштани он мушкил гардидааст». Ин ҷиҳат на танҳо хоси ҳокимият, балки ба тамоми арзишҳои сиёсӣ, аз ҷумла ба Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якпорчагӣ низ марбут мебошад. Дар таҷрибаи имрӯзаи байналмилалӣ метавон ба тавре возеҳ ин воқеиятро мушоҳида намуд.

Зери таъсири равандҳои ҷаҳонӣ сол то сол масъалаи «нисбият»-и Истиқлолияти давлатӣ рӯзмарра мегардад. Бавуҷудоии созмонҳои байналмилалӣ, ҷаҳонишавӣ ва сар задани хатарҳои глобалӣ дар назди давлатҳо масъалаи «маҳдудсозии ихтиёрӣ ва додани як қисми ҳуқуқҳои соҳибихтиёрӣ»-ро ба субъектони дигари байналхалқӣ эҷод намуданд. Ҳамин тавр, соҳибихтиёрии давлатӣ, ки истиқ­лолияти комили давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ маънидод мешуд, тағйири мазмун менамояд. Бо вуҷуди ин, ҳолати мазкур дар муносибатҳои байналмилалӣ на чун коҳиши соҳибихтиёрии давлатҳо, балки баръакс механизми мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ пазируфта мешавад, зеро давлатҳо ба муқобили хатарҳои бузурги байналхалқӣ: терроризм, экстремизм, сепаратизм ва ғайра имкони дар алоҳидагӣ бурдани муборизаро соҳиб нестанд. Ин падидаҳо амнияти давлатро зери хатар қарор дода, эҳтимолияти аз байн бурдани якпорчагии давлатро ба вуҷуд меоранд.

Хусусан дар шароити муосир терроризм ва экстремизм яке аз таҳдидҳои асосӣ ба Истиқлолияти давлатҳо ба шумор мераванд. Мутаассифона, терроризм ва экстремизм дар сиёсати байналхалқӣ ҳам “баҳонаи сулҳ” ва ҳам “баҳонаи ҷанг” шудаанд. Давлате бо баҳонаи даст доштан ба терроризм маҳкум ва ба сарзамини он тамоми қувваҳои низомӣ кашида шуда, гирифтори оташи ҷангу хунрезӣ карда мешавад. Кишвари дигареро қурбонии терроризм ва экстремизм унвон намуда, ба хоки он неруҳои ҳарбии байналмилалиро ворид мекунанд ва вазъи сиёсию амниятӣ, субот ва муҳимтар аз ҳама, истиқлолияти онро зери хатари амиқи нобудшавӣ қарор медиҳанд.

Яке аз сабабҳои асосии сар задани терроризм ва экстремизм дахолати бевоситаи қудратҳои ҷаҳон ба корҳои дохилии давлат мебошад. Дахолат ба сиёсат, беътиноӣ ба арзишҳои миллии он, ки амали ошкорои зери суол бурдани Истиқлолияти давлат аз ҷониби қудратҳои ҷаҳон мебошад, мавҷи эътироз ва муборизаҳои ҷамъиятиро ба вуҷуд меорад. Ҳамаи ин қадами ҷиддӣ дар самти бавуҷудоии гурўҳҳои эътирозгари миллие мешавад, ки аз ҷониби қудратҳои алоҳида баҳри саркўб намуданашон террорист ва экстремист ном бурда мешаванд. Чунин тамоюл дар минтақаҳои ҷангзадаи муосир, Ироқ, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Фаластин хеле зиёд ба назар мерасанд. Дар ин кишварҳо баъзан миёни террористу экстремист ва халқи осоиштае, ки аз сарзамини худ дифоъ мекунанд, тафовут гузошта намешавад.

Ҷиҳати дигари зоҳиршавии падидаи терроризм ва экстремизм пинҳон намудани ғояҳои ифротӣ зери “чатри озодихоҳӣ” ва таҳти “парчами ҳуқуқу озодиҳои инсон” мубориза бар зидди ҳукуматҳо мебошад. Гурўҳҳои ғаразнок дар дохили давлат бо истифода аз манипулятсияи сиёсӣ доираи муайяни ҷонибдоронро атрофи худ ҷамъ намуда, зидди фаъолияти ҳукуматҳои миллӣ муборизаро оғоз мекунанд. Тайёранд, ки бо ҳар гуна қимате, ҳатто бо баҳои ҷони мардум ва харобиҳои зиёд ба ҳадафҳои харобкори сиёсии худ мушарраф шаванд.

Мушкилоти дигар дар самти мубориза бо падидаҳои мазкур ба тафовути фаҳмиши терроризм ва экстремизм ва гуногунии шеваи мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҷониби субъектони муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Давлатҳо дар ҳар ду маврид нигоҳи ягона надоранд ва ба сиёсати духӯра бештар роҳ медиҳанд. Пешвои миллат ин ҷиҳатро мавриди назар қарор дода, борҳо дар ҳамоишҳои сатҳи баланд муносибати духўраи кишварҳоро мавриди эроди ҷиддӣ қарор додаанд. Ҳолати ҷойдошта водор месозад, ки дар тасмимҳои амниятӣ пурра такя намудан ба неруи беруна барои давлатҳои миллӣ чандон ба манфиат нест, зеро мавқеи давлатҳо дар созишнома дигар асту дар тарзи амал дигар.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ зарур аст, ки дар самти таҳкими пояҳои соҳибихтиёрӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ бештар ба захираҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Бахусус, дар ин самт механизмҳои “нарм”-и ҳифзи якпорчагӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ муҳим мебошанд. Аз ҷумла, дар ояндаи рушди Тоҷикистон чор унсури муҳими давлатдорӣ: ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, ягонагӣ ва татбиқи воқеии принсипҳои демократия ҳамчун чор унсури ҳастӣ (об, хок, бод ва оташ) омили ногузир ва боэътимоди ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар самти татбиқи ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ тарғиб намудани унсурҳои мусбати раванди рушди давлатҳо ҳамчун намунаи ояндасозии Тоҷикистон зарур мебошанд. Истифода кардан аз намунаҳои манфӣ дигар хоси давраи кунунии рушд нестанд. Ҳадаф аз намунаи мусбат ва манфӣ чӣ аст? Яъне Тоҷикистонро дигар набояд бо давлатҳои гирифтори ҷанг муқоиса кард. Тоҷикистони имрўза дигар кишвари ҷангзада нест. Аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ироқу Шом мисол оварда, мафкураи ҷавонҳоро водори андешаи вазъи ин давлатҳо намудан, то ки ба иштибоҳи ин мардум роҳ надиҳанд, аз як ҷониб бад нест, аз ҷониби дигар, чунин шеваи тарғибу ташвиқ мафкураи насли ояндасозро дар зинаи маҳдуди оянданигарӣ ва ҷаҳонбинӣ қарор медиҳад. Ҷавон андеша мекунад, ки агар Тоҷикистон монанди ин давлатҳо гирифтори ҷанг набошад, пас хуб аст ва ин ниҳояти андешаи як насл оид ба давлатсозӣ хоҳад буд. Дар мизони муқоиса ва баҳогузории сиёсӣ давлатҳои болозикр дигар бо Тоҷикистон ҳамвазн нестанд. Минбаъд бояд кӯшиш намуд, ки рушду инкишоф ва фазои сиёсии давлат дар оинаи давлатҳои рушдёфта бештар натиҷагирӣ карда шавад. Мувофиқи мақсад аст, ки дар таҳияи механизмҳои тарғиботӣ намунаҳои мусбат бештар мавриди истифода қарор дода шаванд. Яъне ба ҷойи овардани мисол аз давлатҳои ҷангзада, тахайюли насли муосирро бояд бештар баҳри расидан ба сатҳи давлатҳои амнтарин ва мутараққӣ, ба монанди Исландия, Австрия, Норвегия, Япония, Шветсария ва ғайра ҷалб намуд.

Зимнан, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун фазои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ва ғояҳои созанда бояд ҳифз кард, арзишҳои волои давлатдориро аз манфиатҳои фардию оилавӣ ва гурӯҳӣ боло гузошта, пайи татбиқи санадҳои бунёдии давлатдорӣ ва ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат саъю талош намуд.

Маъруф АБДУҶАББОРОВ,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2019 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд