Имрӯз дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» бори аввал Иди себ баргузор гардид

Сентябрь 21, 2019 13:11

ДУШАНБЕ, 21.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки беҳтарин  боғпарварони  ҷумҳурӣ ва  шукӯҳу шаҳомати хосса Иди себ таҷлил гардид.  Дар  он  боғпарварон аз тамоми гӯшаҳои мамлакат, хусусан аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ  ширкат варзида, беҳтарин намудҳои себро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Тавре  мухбирони  АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ ва Тоҳири САИД хабар медиҳанд, зимни намоишгоҳ боғпарварон навъҳои гуногуни себ, мураббо аз себ, тарзи омодасозии себи қоқ ва нӯшокиҳои аз себ омодагашта, инчунин ҳунарҳои дастии мардумӣ ва барномаи фарҳангиро ба маърази намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Бояд гуфт, ки Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Намоишгоҳро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода оғоз намуда, иштирокдоронро ба Иди себ  табрик намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки баргузории Иди себ бевосита бо  ибтикори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ амали гардид, зеро баргузории ин  ид қадр намудани дастранҷи марди деҳқон ва муаррифии шоистаи ин неъмати табиии мамлакат мебошад.

Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова иброз дошт ки дар мамлакат навъҳои хубонӣ, пахтасеб, шоҳсеб, гулсеб, ҳайдарӣ, гарматирамоҳӣ, рауфӣ, қарсаксеб, ноксеб, нордонсеб  ва ғайраҳо маъмул мебошанд. Тоҷикистон мамлакатест, ки ҳар навъи себи он хоси як минтақа буда, аз якдигар бо тамъи лазизашон фарқ мекунанд.

Дар намоиш инчунин иброз дошта шуд, ки дар 5 соли охир дар мамлакат 60 навъи себ, ба монанди моди, прима, редтифри, гала, гранн Смит, гранн Стар, ред чиф ва фуджи ворид гардидаанд, ки аллакай ба минтақаҳо тақсим гардида, парвариш ёфта истодаанд.

Себ яке аз меваҳоест, ки аз ҷиҳати истеҳсол дар дунё пас аз меваҳои ситрусӣ, банан ва ангур қарор дорад. Боғҳои ин меваи шаҳдбор дар майдони зиёда аз 5 миллион гектар доман паҳн кардаанд. Ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 64 миллион тонна себ ҷамъоварӣ мегардад, ки 212 фоизи ҷамъи меваи дар ҷаҳон истеҳсолшударо ташкил медиҳад.

Ташкилоти умумиҷаҳонии озуқаворӣ себро ба рӯйхати зироати асосии таъминкунандаи бехатарии озуқаворӣ ворид кардааст.

Парвариши себ таърихи 3-4 ҳазорсола дорад. Дар натиҷаи интихоби табиӣ, сунъӣ ва корҳои селексионӣ дар дунё зиёда аз 15 ҳазор навъи он кашф шудааст.

Дар гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 намуди себ мавҷуд буд, ҳоло зиёда аз 60 намуди онро дар мамлакат дастрас кардан мумкин аст.

Дар мавриди манфиати себ гуфтаанд, ки агар себи ширинро бихӯранд, фараҳ мебахшад, сабуккунандаи рӯҳ буда, қувватҳои ҷисмониро кушоиш медиҳад ва агар дар меъда хилти сафро бошад, худаш низ зуд ба сафро табдил меёбад. Агар инро пухта бихӯранд, барои сурфаи хушк дармон мешавад. Обашро бо шарбати қандин ва обгӯшт биёщоманд, иллати беҳушшавиро дафъ мекунад. Руббаш, яъне обашро то ғафс шудан ҷӯшонида ё шароби инро биёшоманд, дар ҳама ҷиҳат stop-depression-now.com. хусусан барои фараҳ овардан, дар бобати қувват бахшидан ба меъда ва дил назар ба мевааш қавитар мебошад, васвоси савдовиро дафъ мекунад, ваборо шифо мебахшад ва тафси баданро таскин медиҳад. Мураббояш ҳам хислатҳои дар боло зикрёфтаро дорад.

Себи туршро дар миёни хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад, барои иллати сил ва лоғарӣ дармон мешавад. Ин себро кӯфта, ба чашм гузошта банданд, ба дарди чашм нафъ дорад.

Дар ҷамъбаст аз рӯи се номинатсия ғолибони озмунро муайян намуданд. Номинатсияи аввал- ин «Боғпарвари беҳтарин» буд, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рушди босуботи боғдорӣ ва намоиши беҳтарин себ супорида шуд.

Номинатсияи дуюми озмун «Беҳтарин боғи интенсивӣ» буд, ки ба Мирзошоҳи Акобир барои ҷамъоварӣ ва пешниҳоди намудҳои гуногуни себ аз ноҳияи Рашт дода шуд.

Номинатсияи сеюм- ин «Гӯшаи беҳтарин бо муаррифии дастовардҳои кишоварзон вобаста ба меваи себ» буд, ки ба хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-и ноҳияи Хуросон дода шуд.

Ғолибони озмун бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони пойтахт дар баробари хариди себ аз дидани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

 

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

 

 

 

Сентябрь 21, 2019 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд