Иштирок ва суханронии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ
ДУШАНБЕ, 26.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни СММ ва созмонҳои минтақавӣ дар пойдории сулҳу суботи байналмилалӣ: нақши СҲШ, ИДМ ва СААД дар муқовимат бо терроризм» иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сироҷиддин Муҳриддин аз афзоиши сатҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори нигаронӣ намуда, нақши созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла СҲШ, ИДМ ва СААД-ро ҷиҳати пурзӯр намудани кӯшишҳои СММ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.
С. Муҳриддин инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷалб кард.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






