ҒИЗОИ СОЛИМ – ГАРАВИ САЛОМАТИСТ. Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Барномаи ғизои мактабиро амалӣ месозад

Сентябрь 14, 2019 09:53

ДУШАНБЕ, 14.09.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Амалишавии Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз соли 1999 оғоз гардида, то нимаҳои соли 2024 давом хоҳад кард. 

Дар доираи татбиқи Барномаи мазкур дар мактаби миёнаи  №3-и шаҳри Роғун  ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба лоиҳаҳои пилотии рушди ғизои мактабӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Директори Барномаи ҷаҳонии озуқавории  Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Алберто Коррейя Мендес, Президенти Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии  Федератсияи Россия (SIFI) Владимир Чернигор ва дигар намояндгони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2019 Барномаи ғизои мактабӣ 52 ноҳияро фаро гирифта, шумораи умумии баҳрабарон 410,513 нафарро ташкил медиҳад.  Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода ба ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ин макони нур хайрамақдам гуфт.

Мавсуф дар рафти баромади худ аз ҷумла зикр намуд, ки Барномаи ғизои мактабии Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми муҳимтарини стратегияи Ҳукумати ҷумҳурӣ  оид ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва рушди маориф мебошад.

Ин Барнома соли 2006 дар шаҳри Роғун   бо фарогирии 45 мактаб, аз ҷумла 21 мактаби миёна, 21 мактаби ибтидоӣ ва 3 мактаби асосӣ то синфи 9 фаъолияташро ба роҳ монд.

Барнома то имрӯз дар ҳамкориҳои зич бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи маориф ва кумитаҳои  падару модарон амалӣ гардида истодааст. Айни замон Барномаи ғизои мактабӣ системаи давлатии ҳифзи иҷтимоиро бо роҳи таъмин намудани 4 ҳазору 503 хонандаи синфҳои ибтидоӣ ва кормандони техникии мактабҳои миёнаи шаҳри Роғун бо хӯроки гарм пурра таъмин намуда истодааст.

Имрӯз аз 42 муассисаи таълимии дар барнома иштирокунанда,  4-тои онҳоро мактабҳои озмоишии пилотӣ ташкил медиҳанд. Шуруъ аз соли 2016 дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавии пилотӣ доир ба рушди ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон, ки онро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ кардааст, бо дастгирии  Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии  Федератсияи Россия (SIFI) лоиҳаи пилотиро оғоз кардаанд.  Лоиҳаҳои таҷрибавӣ имкон дод, ки ҳолати ошхонаҳои мактаб беҳтар гардида, моделҳои нави ғизои мактабӣ ҷорӣ карда шаванд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода  ҳадафи барномаро шарҳ дода, афзуд,  ки ғизои солим асоси саломатии инсон ба шумор меравад.

Бо таъмини ғизои солим мо метавонем ба инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва баланд бардоштани масунияти  кӯдак таъсир расонем. Тадқиқоти илмие, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки мутаассифона имрӯз дар миёни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан кӯдакон  ва наврасон шумораи зиёди бемориҳои камхунӣ, қадпастӣ, камвазнӣ ва ҷоғар мушоҳида карда мешавад.

Албатта, ҳамаи ин аз таъсири норасоии ҳамон микроэлементҳое, ки дар таркиби ғизо мавҷуданд, ба миён меоянд ва мушкилоти мавҷударо ба инобат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти ташкил, бехатарӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизои босифат якчанд қонунҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока», Стратегияи фаъолияти ҷисмонӣ ва ғизо, инчунин дар моҳи июли соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ  бо маҳсулоти ғанигардонидашуда» ба тасвиб расонида шуданд.

Аз  ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо ҷалби дигар сохторҳои марбута дар соли 2015 Консепсияи ташкили ғизои мактабӣ  ба тасвиб расид ва ҳамзамон дар соли 2017 Стратегияи ташаккули рушди устувори ғизои мактабӣ таҳия ва мавриди амал қарор гирифт, ки ҳадафи асосии ин боз ҳам беҳтару хубтар гардонидани вазъи саломатии кӯдакон ва наврасон ба воситаи таъмини ғизои босифат ва ғанигардонидашуда мебошад.

Мавсуф бо боварӣ гуфт, ки ифтитоҳи лоиҳаи пилотӣ боз ҳам барои таъмини ғизои босифат замина гузошта, дар оянда  сатҳи солимии аҳолии мамлакат, хусусан кӯдакон ва наврасон боз ҳам хубтару беҳтар мешавад.

    Ба андешаи Директори Барномаи ҷаҳонии озуқавории  Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Алберто Коррейя Мендес он чизеро, ки мо имрӯз мебинем, мисоли беҳтарин барои ҳамкории мутақобилаи судманд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Барномаи ҷаҳонии озуқавории  Созмони Милали Муттаҳид  мегардад. Барномаи мазкур талабагони қариб 2 ҳазор мактабро дар Тоҷикистон бо ғизои таъмин менамояд.

«Ҳамкориҳои мо идома меёбад ва албатта, ман  мехоҳам аз ҳамаи ин мактабҳо дидан намоям, ман умедворам дар оянда низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии  Федератсияи Россия (SIFI) ва Барномаи ҷаҳонии озуқавории  Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ҳамкориҳоро идома медиҳем  ва кушиш менамоем, ки ҳамаи мактабҳоро бо ғизои босифат таъмин намоем», — гуфт Алберто Коррейя Мендес.

Президенти Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии  Федератсияи Россия (SIFI) Владимир Чернигор дар навбати худ ба хонандагон муроҷиат карда гуфт, ки ғизои солим барои саломатӣ ва нашъунамои ҷисм мусоидат мекунад. Ҳар нафаре, ки ғизои солим истеъмол мекунад ӯ дар навбати худ саломатии хешро ҳифз менамояд ва қобилиятӣ тафаккураш рушд мекунад. Ӯ барои ташаккули қобилияти зеҳнии мактабачагон истеъмоли ғизои солимро муҳим мешуморад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл маросими муаррифии маҷмӯи дастурҳои ғизои мактабӣ баргузор гардида буд. Ин маҷмӯи дастурҳо 116 номгӯи хӯрокҳои миллии тоҷикиро дар бар гирифта, ҳадафи асосии он таъмини ғизои гуногун ва солим ба ҳисоб меравад. Китоби мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии  Федератсияи Россия (SIFI) таҳия гардидааст. Нашри аввали ин китоб соли 2016 ба табъ расид ва ҷоизаи беҳтарин дар ҷаҳонро соҳиб шуд, ки маросими мукофотсупорӣ дар шаҳри Янтайи Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта буд.

 

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2019 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ пешгирии зӯровариро дар оила муҳокима карданд
БО ҲАМЛАИ НИЗОМИЁНИ ҚИРҒИЗ МО ҲАРГИЗ ТАРКИ ЗАМИНИ АҶДОДӢ НАМЕКУНЕМ. Чунин изҳор менамояд бо ифтихори ватандорӣ сокини 60-солаи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара Абдукарим Шарифзода
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз ду миллион воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид
МАҲКУМИЯТИ 10-СОЛА БАРОИ САРКАШӢ АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. Думаи давлатии Федератсияи Россия ба ҷазо барои ҷиноят дар замони ҷанг тағйирот ворид намуд
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Барои барқарорсозии хонаҳои сокинони деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситоди махсус ташкил мешавад
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Куштори кӯдакону табибон ва мардуми осоишта сахттарин ҷиноят аст,- Садриддин Ҳасанзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Қирғизтаборони ноҳияи Мурғоб: «Тоҷикистон дар ягон ҳолат бо миллату халқияте муносибати неки ҳамсоядориро вайрон накардааст»
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори таслияти Пешвои миллатро ба наздикони қурбониёни муноқишаҳои марзӣ расонид
ОИЛАИ СОЛИМ-ҶОМЕАИ СОЛИМ. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Конференсияи илмӣ – назариявӣ доир намуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои занону духтарон баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир гардид
Дар маҳаллаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд хати нави оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт