Муаррифии Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳангӣ дар шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсуи Чин

Сентябрь 27, 2019 08:08

ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22-24 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо даъвати Ҳукумати мардумии шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсуи Чин дар маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии «Хайан-2019: Иртиботи фарҳангӣ дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба хотири муаррифии шоистаи фарҳанг ва санъати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷашни 28-солагии Рӯзи истиқлолияти мамлакатамон ва 70-солагии  таъсиси Чин ду нафар намояндаи кишвар — овозхони ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов Гулбаҳор Шокирова ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Эраҷ Олимов дар ин фестивали байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ҳошияи ҷашнвораи мазкур ҳунарнамоии овозхони ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов Гулбаҳор Шокирова ва асарҳои рассомии ба маъраз гузоштаи Эраҷ Олимов ҳамчун намунаҳои беҳтарини намоиши фарҳанг ва санъати тасвирии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҳарду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ифтихорномаи «Қосиди фарҳангии Роҳи абрешим»-и Ҷашнвораи байналмилалии «Хайан-2019: Иртиботи фарҳангӣ дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» мушарраф гардиданд.

Зимни сафари корӣ Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳамчунин бо роҳбарият ва намояндагони идораҳои фарҳанг, сайёҳӣ, тиҷорат, маорифи шаҳри Хайани музофоти Ҷиангсу Чин вохӯриҳо гузаронида, зимни онҳо таҳкиму густариши робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофотро дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дод.

Сентябрь 27, 2019 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид