Мустафо Наимов барои корнамоию мардонагӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода намояндаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, шаҳрванд Мустафо Наимов, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои зоҳир намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ карда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 22 сентябр, соати 19:20, ҷавони тахминан 20-25-солаи шахсияташ номаълум бо мақсади ошкоро тасарруф намудани амволи ғайр, ба назди сокини 24 –солаи кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе Артур Тугеев, ки дар назди бинои истиқоматии худ қарор дошт, омада, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ аз дасти ӯ телефони мобилии тамғаи «Редми-нот-7», арзишаш 1800 сомониро ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ба тарафи кӯчаи Гипрозем (самти бозори «Деҳқон») мегурезад.
Ҷабрдида барои дастгир намудани ҷинояткор ӯро дунболагирӣ мекунад. Баъдан ба ӯ намояндаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, шаҳрванд Мустафо Наимов ҳамроҳ шуда, шахси ҷиноятпешаро пайгирӣ намуда, дар наздикии бозори «Деҳқон» ӯро зада, аз пой меафтонад. Дар ҳамин вақт ҷинояткор бо корд ба бадани Мустафо Наимов зада, ӯро захмӣ менамояд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Дар натиҷа М. Наимов. бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Ба иттилои манбаъ, барои муайян ва дастгир намудани шахси ҷинояткор тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, тафтишот идома дорад.
«Ҳеҷ гоҳ далерию ҷоннисории Мустафо Наимов — фарзанди диловари Ватан фаромӯш намешавад. Шуҷоату далерии ӯ барои наслҳои минбаъда чун дарси ибрату мардонагӣ, фидокориву ҷасорат ва садоқату матонат абадан боқӣ хоҳад монд»,- афзуд манбаъ.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






