«Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» -дар Душанбе семинари шашуми ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2019 /АМИТ Ховар/. «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» -таҳти чунин унвон имрӯз бо ибтикори Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи китоб ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари шашуми ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз макони баргузории семинар иттилоъ медиҳад, ки дар кори он зиёда аз 70 китобдори ҷавон аз китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳот, инчунин устодон ва мутахассисони варзидаи соҳаи китобу китобдорӣ, директорони китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода иштирокдоронро аз номи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Рӯзи китоб табрик намуд.
Зикр шуд, ки имсол тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷараён дорад. Эълон ва баргузории озмун бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар қатори паҳлӯҳои мухталифи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат рушди неруи маънавии ҷомеа низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.
Китобу китобхона таҷассумкунандаи дараҷаи тараққиёти илму фарҳанг, маориф ва иқтисодиёт буда, ба ташаккули давлату давлатдорӣ мусоидат менамоянд. Дар таърихи инсоният ҳазорон ихтироъҳо арзи вуҷуд намудаанд, вале бузургтарину муассиртарини онҳо китобу китобдорӣ маҳсуб меёбанд ва ихтироъҳои дигар куллан дар заминаи он муяссар шуаанд.
Маҳз барои тақвият ва такомули фаъолияти китобдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳ соли охир се барномаи давлатӣ — «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» ва «Барномаи компютерикунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013»-ро қабул ва амалӣ намуд.
Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1300 китобхонаи оммавӣ фаъолият доранд, ки хонандагон ҳамарӯза ба онҳо омада, аз адабиёти зарурӣ истифода мебаранд.
Директори Китобхонаи давлатии патентию техникӣ Гулнора Бутаева дар оғози семинар ҳадафи асосии баргузории онро, пеш аз ҳама, дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми китоб ва нуфузи китобхонаҳо, муайяну мушаххас намудани фаъолияти китобдорони ҷавон дар соҳаи китобдорӣ-библиографӣ, омода намудани мутахассисони ҷавони ҳирфаӣ бо фарогирии донишҳои муосири замонавӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва дониши китобдори ҷавон дар фаъолияти китобдорӣ ҳангоми ҷустуҷӯи иттилоот, коркарди иттилоот ва пешниҳоди он ба истифодабарандагон арзёбӣ намуд.
Дар музокираҳои иштирокдорон роҷеъ ба масоили ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Инчунин андешаҳои ҷолиб перомуни мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои нав ба тақозои даврони истиқлол ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ баён ёфтанд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин семинарҳо барои омӯзиши масоили марбут ба фаъолияти китобдорони ҷавони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, омӯзиши донишҳои замонавӣ, забономӯзӣ, азхуднамоӣ ва истифодаи техникаю технологияи нав дар фаъолияти китобхонаҳо, мутахассисони ҷавони соҳаи китобдорӣ ва устодону донишҷӯён кумак хоҳад кард.
Зимни семинар як зумра китобдорони ҷавон барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди соҳаи китобу китобдорӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки 4 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи китоб таҷлил мешавад. 4 сентябри соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ зимни гузоштани хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин рӯзро дар мамлакат Рӯзи китоб эълон намуданд.










Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт






