ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 21.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ҷойҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






