ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш ва ғуборолуд боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш ва ғуборолуд боқӣ мемонад.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо ғуборолуд боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва ғуборолуд мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.
Ёдовар мешавем, ки сабаби ғуборолуд шудани вазъи ҳаво муддати тӯлонӣ наборидани борон дар қисмати шимолии Афғонистон ва ҷануби вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки нафарони ба бемориҳои диққи нафас, бронхитҳои намуди аллергетикӣ, бемориҳои алергетикии роҳҳои болоии нафас гирифтор бояд ҳангоми ба кӯча баромадан аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






