ОФАРИН! Баҳодур Усмонов дар даври дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ғолиб омад

Сентябрь 16, 2019 15:36

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик, чемпиони мусобиқоти Осиё-2019 Баҳодур Усмонов ба даври сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ҷараён дорад, роҳ ёфт. Дар ин  бора   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН    хабар  медиҳад.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг дар даври дуюм бар намояндаи Туркия Туғрул Эрдемир бо накаути техникӣ ғалаба кард. Ӯ дар даври аввал бар варзишгари Украина Александр Железняк дастболо шуда буд. Ҳарифи Баҳодур дар даври навбатӣ варзишгари Франсия Софиан Оумиҳа мебошад. Софиан чемпиони ҷаҳон дар соли 2017 ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар вазни 60кг буда, соли равон медали нуқраи Бозиҳои Аврупоро дар вазни -64кг ба даст овардааст. Муҳорибаи онҳо 17 сентябр сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки дар  20-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба  бокси ғайрикасбӣ, ки аз 7 сентябр инҷониб дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, 4 нафар боксчиёни Тоҷикистон — Бахтовар Сагизов (то 57 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев ( то 81 кг) ва Баҳодур Усмонов ( то 63 кг)  иштирок доранд.

Бахтовар ва Мирзомуҳаммад  дар  зӯрозмоиҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд ва Шаббос бар Лиридон Нуаи шведӣ ғолиб омада, дар даври дуюм  аз  боксчии мисрӣ Абдураҳмон Орабӣ   мағлуб шуда, аз идоми мусобиқа маҳрум гардид.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорӣ миёни мардон, ки то 21 сентябр идома меёбад, 365 варзишгар аз 78 давлат аз рӯи 8 категорияи вазнӣ — -52кг, -57кг, -63кг, -69кг, -75кг, -81кг, -91кг ва +91кг – иштирок доранд.

Сентябрь 16, 2019 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид