Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, он аз ду ошёна, 6 ҳуҷраи корӣ, қабулгоҳ, толори маҷлисгоҳ, толори хурд, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2017 оғоз шуда, бо сифат баланд ба анҷом расидаанд. Утоқҳои корӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз буда, барои кормандон шароити муосири корӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 10 нафар фаъолият доранд, ки аксари онҳоро ҷавонони фаъол ташкил медиҳанд. Сокинон ва аъзои ҳизб бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд.
Зимни шиносоӣ аз шароити муҳайёшуда дар бинои мазкур Сарвари давлат ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд ва ба масъулон ҷиҳати ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароиди арзандаи корӣ ва фаъолияти пурсамар аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се мошини хизматӣ туҳфа карда шуд, ки онҳо ба кормондони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобу Леваканд ва ноҳияи Фархор пешбинӣ гардидаанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






