Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази минтақавии перинаталиро дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 11, 2019 13:10

ДУШАНБЕ, 11.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди ин марказ дар мамлакат нахустин буда, дар минтақа назир надорад.

Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун муассисаи таваллудии зинаи 3-юм ба шумор рафта, ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷавобгӯ мебошад. Иншооти мазкур дар назди Беморхонаи вилоятӣ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст.

Муассисаи тандурустӣ дорои шуъбаҳои қабул, бахши кумаки фаврӣ, шуъбаи машваратию ташхисӣ, шуъбаи аворизи ҳомиладорӣ, шуъбаи бемориҳои занона, шуъбаи таваллуд, шуъбаи модар ва кӯдак, шуъбаи табобати интенсивӣ ва эҳёгарии навзодон, шуъбаи бемориҳои навзодон, шуъбаи ҷарроҳии навзодон, шуъбаи соматикии як ва дуи кӯдакона, бахши озмоишӣ ва азхудкунии малакаҳои касбӣ буда, ба аҳолии 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хизмати баланди тиббӣ мерасонад.

Дар Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти муосири тиббӣ насб гардидаанд, ки барои солимии модар ва кӯдак шурӯъ аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудааст.

Таҷҳизоти муосири тиббӣ иборат аз рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, таҷҳизот ва асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамон мебошанд.

Маркази мазкур дорои 106 кати хоб ва 225 утоқи кориву ҳуҷраҳои беморон аст ва дар он иншооти ёрирасон, аз ҷумла ошхона, системаи берунии барқ ва шабакаи обрасонӣ бунёд гардидааст.

Барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни иншоот 40 адад камераи назоратӣ насб шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустии мамлакат моҳи апрели соли 2017 бевосита бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт. Ба кормандони ин муассисаи тандурустӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа карда шуд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба модар ва кӯдак расонида шуда, дар самти ҳифзи солимии модар ва кӯдак шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

Ба истифода додани бинои Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб 11.09.2019

Сентябрь 11, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд