Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи навро ифтитоҳ намуда, аз обанбори Мӯъминобод боздид намуданд

Сентябрь 10, 2019 14:47

ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як ҷойи хеле хушбоду ҳаво меҳмонхонаи навро ифтитоҳ карда, аз обанбори Мӯъминобод боздид ба амал оварданд.

Обанбори Мӯъминобод, ки барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст, ҷойи мусоиду мувофиқ барои рушди варзиш- шиноварӣ ва қайиқронӣ мебошад.

Дар фасли гармо обанбор барои оббозӣ ва атрофи он барои сайру тамошои мардум хеле созгор аст.

Дар ин ҷо дастаи қайиқронҳои ноҳия ва шаҳри Душанбе бо истифода аз шароити мусоид ба машқ машғул мебошанд.

Қобили зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Ин имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз ҳамаи шароити муосир ба варзиш машғул шаванд.

Баъди тамошои обанбори Мӯъминобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди обанбор, дар як мавзеи хушбоду ҳаво меҳмонхонаи навро ба истифода доданд.

Меҳмонхона, ки аз тарафи сооҳибкорони ватандӯсти ноҳия ба истиқболи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ-30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуд, туҳфаи арзишманди ҷашнӣ мебошад.

Меҳмонхона аз ду ошёна, толори маҷлис, ҳуҷраи гуфтушунид, ҳуҷраҳои хоб бо тамоми шароит, ошхона, толори зиёфати расмӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Барои ба талабот ҷавобгӯ намудани иншоот даруну беруни бино ва ҳуҷраву долони меҳмонхона аз усули маъмули миллии меъмории ороиш бо гачу оинабандӣ истифода гардидааст.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи нав ва боздид аз обанбори Мӯъминобод 10.09.2019

Сентябрь 10, 2019 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон