Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатӣ ва Парчами миллиро дар ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 25, 2019 12:21

ДУШАНБЕ, 25.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сомониён дар пояи баландии 45 метр қомат афрохта, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад.

Баландии пояи Нишони давлатӣ, ки дар шафати Парчам сохта шудааст, 22 метр мебошад.

Дар баробари сохтмони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи ин ду муқаддасоти миллӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Атрофи иншоот чароғон ва ободу зебо карда шуда, фаввораҳо низ сохта шудааст, ки аз ин пас ҷойи сайру гашти сокинон ва меҳмонони ноҳия мешавад.

Бунёди рамзҳои давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти муқаддасоти миллӣ сурат гирифтааст.

Лоиҳаи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуди «Тоҷмаҳал-2010» таҳия гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.

Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дорад. Бунёди парчаму нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ва ба макони сайру гашти сокинон тадбил ёфтани ин мавзеъ туҳфаи арзишманд ба сокинони ноҳия ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ маҳсуб меёбад.

Ифтитоҳи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 25.09.2019

Сентябрь 25, 2019 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия