Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Файзобод гулчанбар гузоштанд

Сентябрь 20, 2019 09:05

ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар назди Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод гулгашти зебою замонавӣ сохта шуда, Нишони давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллӣ қомат афрохтааст.

Бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия аз таърихи пурғановати халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад ва эҳсоси баланди ватандориву худшиносии ҳар як фарди шарафманд ва бонанги ноҳияро бедор месозад.

Ҷиҳати ободу зебо гардондани маркази ноҳия ва ба макони дилписанд барои сайру гашти сокинон табдил додани гулгашт дар роҳравҳо,  атроф ва назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои ҳамешасабз шинонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ аз гулгашт ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба шаҳраки зебою замонавӣ табдил додани маркази ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марказ ва деҳоти ноҳияи Файзобод ободу зебо гардида, бо бунёд ёфтани биноҳои баландошёна ва дигар иншооти маъмурию маишӣ маркази ноҳия ба шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст.

Ҳамарӯза сокинони ноҳияи Файзобод ба сайру гашт баромада, шомгоҳон дар фазои орому осуда истироҳат менамоянд.
Гузоштани гулчанбар дар назди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Файзобод 20.09.2019

Сентябрь 20, 2019 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон