Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, бинои Коллеҷи санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз толори рақс, навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои коллеҷи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гарида, дар ҷараёни сохтмони иншоот 30 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Бино дорои 15 синфхона буда, ҳар як синфхона бо аёнияти дарсӣ ва асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, донишҷӯёнро барои аз худ кардани нозукиҳои навозандагиву сарояндагӣ ҳидоят намуданд.









Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






