Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак»-ро дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 11, 2019 10:02

ДУШАНБЕ, 11.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳин маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» аз се ошёна иборат буда, он аз ошхона барои 100 ҷойи нишаст, маркази дилхушии бозиҳои кӯдакона, толори либосҳои миллии арӯсӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, маҳси бадан ва толори варзишии занона иборат мебошад.

Ҳамчунин дар саҳни бинои маркази фароғатии «Модар ва кӯдак» ҳуҷраи махсуси ултрасадо барои модарон бо тамоми шароити зарурӣ  таҷҳизонида шудааст. Инчунин дар саҳни бинои мазкур барои кӯдакону наврасон сехи хурди истеҳсоли яхмос ба фаъолият шурӯъ намуд.

Қобили зикр аст, ки маркази мазкур бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, макони истироҳатии хуб барои модару кӯдак мебошад.

Таҷҳизоти дар марказ истифодашаванда ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, аз ширкатҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар дастрас гардидааст.

Дохил ва беруни бинои марказ бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ ороиш дода шудааст.

Бунёд гардидани чунин марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои таъмини солимии модару кӯдак заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар бо бунёд гардидани чунин марказҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ҳамзамон 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ вазъи иншооти соҳаи иҷтимоӣ беҳтар гардида, барои солимии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Ба истифода додани Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» дар шаҳри Кӯлоб 11.09.2019

Сентябрь 11, 2019 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд