Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев: «Мақсади мо роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 мебошад»
ДУШАНБЕ, 14.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Заркаи Урдун марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16–сола дар гурӯҳи «А» оғоз мегардад. Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Урдун, Кувайт, Шри-Ланка ва Непал барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ миёни ҳам рақобат мекунанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар арафаи оғози бозиҳои марҳилаи интихобӣ сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев ба хабарнигорон иброз намуд, ки «мақсади дастаи мо роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё мебошад».
Дар идомаи нишасти хабарӣ Аҳлиддин Турдиев зикр намуд, ки футболбозони тоҷик ба ин мусобиқа бо тайёрии пухта омада, дар се мусобиқаи байналмилалӣ дар давлати Чин, Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок кардаанд. Ғайр аз ин онҳо дар шаш вохӯрии дӯстона бо дастаҳои мунтахаби Уммон, Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ таҷриба андӯхтаанд ва рӯҳияашон болида аст.
«Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мо ҳама шароитҳоро муҳайё сохт ва дар назди мо вазифа гузоштааст то ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирем», — гуфт А. Турдиев.
Бояд тазаккур дод, ки бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «А» имрӯз, 14 сентябр, бо бозии байни дастаҳои Непал бо Урдун ва Кувайт бо Шри-Ланка оғоз ёфта, то 22 сентябр идома меёбад. Футболбозони Тоҷикистон 16 сентябр бо Шри-Ланка аввалин бозии худро доир мекунанд.
Мо ба дастаи мунтахаби мамлакат дар ин мусобиқаи сатҳи Осиёи муваффақият ва комёбӣ орзу менамоем.









«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






