Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон биноҳои баландошёнаи истиқоматиро дар кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб ба истифода супурданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат як бинои 13 ошëнаи истиқоматиро, ки бо маблағгузории ҶДММ «Комил-2010» бунёд гардидааст, ба истифода супурданд.
Бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дорои таҳхона, таваққуфгоҳ, маркази тиҷоратию фароғатӣ, тарабхона ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.
Дар як қисмати бино бо назардошти Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 барои сайёҳон хонаҳои алоҳида бо тамоми шароит ҷудо карда мешавад.
Дар сохтмони бино зиёда аз 250 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд ва корҳои сохтмониро ҶДММ «Комил-2010» ба зимма дошт.
Сохтмон соли 2018 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.
Баъди ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар ҳамин ҷо дастархони идона ороста шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 190 нафар кӯдакони ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Ҳамчунин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сангак Сафаров бо саҳми фаъолонаи соҳибкор Алишер Акрамов боз як бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ҳаштошёна буда, дорои таҳхона ва таваққуфгоҳ мебошад. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур маркази савдою хизматрасонӣ, тарабхона ва ошёнаҳои боқимондаро хонаҳои истиқоматӣ дар бар гирифта, бо харҷи 20 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ 80 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Корҳои сохтмониро ҶДММ «АР- СОХТМОН» ба зимма дошта, иншооти мазкурро бо сифати баланд бунëд намуд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ошёнаи якуми бинои навбунëд хатнасури 60 нафар кӯдакони нимятим ва аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуда, ба онҳо аз ҷониби Пешвои миллат туҳфаҳо тақдим карда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






