Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро ба истифода доданд

Сентябрь 10, 2019 22:31

ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамчунин дар маркази шаҳр гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро, ки бо тарҳи муосир ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар масоҳати умумии 3 гектар доман густурдааст.

Корҳои сохтмонии мазкур аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мега техник иншоот» бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Дарозии гулгашт 750 ва паҳноиаш 45 метр мебошад. Корҳои сохтмонии гулгашт моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расидааст.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонии гулгашт зиёда аз 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таьмин гардида буданд.

Дар гулгашт барои сокинону меҳмонон қаҳвахона сохта шудааст, ки дар як вақт имкон дорад то 80 нафарро қабул намояд. Барои обёрии гулгашт ва шодоб намудани дарахтону гулу буттаҳо ҳамчунин як чоҳи амудӣ бо иқтидори 250 мукааб сохта шудааст.

Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он 172 чароғаки муосири 6-метра ва барои атрофи гулгашт 60 адад чароғакҳо насб гардидаанд.

Дар гулгашт 10 адад суҳбатгоҳ ва 84 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидааст, ки хусусан шабонгоҳ барои гаштугузори сокинон мусоид аст.

Ҳамзамон дар инҷо ба хотири зебою дилкаш гардидани гулгашт беш аз 600 бех дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 650 ҳазор бех гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шуда, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудаанд.

Ду фавворае, ки дар ин гулгашт бунёд карда шудаанд, ба гулгашт зебоии дигар бахшидаанд.

Ба истифода додани гулгашти ба номи Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб 10.09.2019

Сентябрь 10, 2019 22:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон