Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани «Мӯъминобод»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринав Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани «Мӯъминобод»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, аз сехи истеҳсолу коркарди севаю сабзавот ва анбору сардхона иборат мебошад.
Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан дар майдони 1,2 гектар бунёд шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар сехи нӯшокиҳои ташнагишикан нӯшоба, афшура ва мураббои меваҳои гуногун омода карда мешавад.
Дар як басти корӣ дар ин сех 5 ҳазор қуттии нӯшокии ташнагишикан омода карда мешавад.
Дар сехи коркарди меваю сабзавот дар як бахши корӣ консервакунонии то 2 ҳазор зарфи 2-литра сабзавоти гуногун анҷом дода мешавад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур 80 нафар, аз ҷумла 30 нафар аз вилояти Суғд ва 50 каси дигар аз ноҳияи Муъминобод бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Роҳбарияти корхона нақша доранд, ки дар оянда бо ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи кормандонро то ба 200 нафар расонанд.
Барои коркарди меваю сабзавот дар ин корхонаи тозабунёд маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия харидорӣ карда мешаванд. Ҳамчунин дар назди корхона дар майдони 6 гектар боғ бунёд шудааст.
Маҳсулоти ин боғ низ барои коркард дар корхонаи “Мӯъминобод” пешбинӣ шудааст.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани “Мӯъминобод” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ карда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхона ва ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






