Ширкати Тселл дар шаҳри Хоруғ Маркази нави хизматрасонӣ кушод

Сентябрь 13, 2019 09:18

ХОРУҒ, 13.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Маркази нави хизматрасонии ширкати мобилии Тселл ба фаъолият оғоз кард. Барои бунёд ва таъмини марказ бо таҷҳизоти муосир беш аз ним миллион сомонӣ сарф шудааст. Бо васл кардани таҷҳизоти муосир акнун муштариёни ширкат метавонанд аз алоқаи насли чорум ё худ 4G  истифода баранд.

Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шаҳмирӣ зимни ифтитоҳи он изҳор дошт, ки «афзудани шумораи чунин марказҳо ба татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» кумаки беандоза мерасонад. Низоми «ҳукумати электронӣ» ҳамаи сохторҳои мақомоти давлатиро муттаҳид намуда, шароити фароҳам меорад, ки бо истифода аз шабакаи интернетӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравиро таъмин намоянд, ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ хизматрасониҳои давлатӣ расонанд, ба арзу шикояти онҳо сари вақт посух гардонанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста таъкид месозанд, ки «дар марҳалаи имрўза бо истифода аз усулҳои «ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад».

Раиси шаҳр изҳор дошт, ки «бе рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва суръати муносиби интернетӣ  роҳандозии низоми «ҳукумати электронӣ» ғайриимкон мебошад. Бинобар ин бунёди маркази нави Тселл боз як қадами устувор барои дар амал татбиқ кардани консепсияи мазкур мебошад».

Дар маркази нав  утоқи махсус мавҷуд аст, ки дар он меҳмонону сайёҳон ва сокинони деҳоти дурдаст аз шабакаи интернет ройгон истифода мебаранд.

Сентябрь 13, 2019 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд