Шукурҷон Зуҳуров бо Вячеслав Володин ва Нурдинҷон Исмоилов мулоқот намуд

Сентябрь 24, 2019 17:03

ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҳошияи иштироки худ дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон  бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ва Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов  мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни ин мулоқот таъкид гардид, ки самарабахшии ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ аз ҳама бештар аз парлумонҳо ва намояндагони парлумонҳо вобастагӣ дорад.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия ва Ӯзбекистон дар таҳкими равобити дуҷониба дар арсаҳои иқтисод, гуманитарӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим бозида, ба тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ мусоидат мекунанд.

Зимни суҳбат ҳамчунин ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Сентябрь 24, 2019 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид