Шукурҷон Зуҳуров ва Фахрӣ Ҳамза масъалаи таъсиси ширкатҳои муштаракро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Индонезия Фахрӣ Ҳамза масъалаи таъсиси ширкатҳои муштарак дар соҳаи саноати сабук, коркарди ангишт, сайёҳӣ ва бизнеси меҳмонхонаҳоро баррасӣ намуданд.
Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мулоқоти ҷонибҳо имрӯз, 20 сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардида, зимни он инчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкории минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Индонезия муҳокима карда шуданд.
Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлативу байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баргузории муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсиро асоси таҳкими ҳамкории ду мамлакати дӯст ҳисобиданд.
«Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки мо комёбиҳои мардуми Индонезияро дар шоҳроҳи рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат баланд арзёбӣ намуда, нақши созандаи ин давлатро дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ шоистаи таҳсин меҳисобем»,- афзуд манбаъ.
Зикр гардид, ки мувофиқаҳои зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия дар соли 2016 ҳосилгардида дар таҳкиму тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди дуҷониба заминаи устувор гузоштанд.
Ба иттилои манбаъ, дар баробари муҳокимаи вазъи ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии дуҷониба оид ба робитаҳо дар ҷодаи сайёҳӣ, сармоягузорӣ, тандурустӣ ва маориф гуфтугӯ сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки давоми солҳои 2015-2019 дар доираи Барномаи омӯзишии бурсиявӣ барои хориҷиён — «Дармасисва» ба шаҳрвандони Тоҷикистон 45 бурсия пешниҳод гардида, ҷавонони тоҷик дар Индонезия ба омӯзиши фарҳанг ва забони индонезӣ машғул гардиданд.
«Фаъол будани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ омили асосии рушди робитаҳои дуҷониба буда, бо истифода аз онҳо метавон имкониятҳои мавҷударо ба нафъи парлумонҳо истифода бурд»,- иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров дар фарҷоми мулоқот.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






