Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28–умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб

Сентябрь 11, 2019 19:16

11.09.2019, шаҳри Кӯлоб

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам сокинони шарафманди шаҳри Кӯлоб!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли сокинони бонангу номус, далеру қавиирода ва сарбаланду боҳиммати шаҳри бостонии Кӯлоб ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – 28 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи дуюмин агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» самимона табрик мегӯям.

Истиқлол дар таърихи халқи тоҷик таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд оварда, ба мардуми кишварамон роҳи нави тараққиётро боз намуд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Бо ифтихор метавон зикр кард, ки дар ин ҷода, хусусан, дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи давлатдории навини тоҷикон ва наҷот бахшидани миллат аз парокандагӣ саҳми сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб бисёр арзишманд мебошад.

Фарзандони ин гӯшаи Ватани муқаддасамон дар масири пуршебу фарози таърих борҳо ба муқобили аҷнабиён ва истилогарон истодагарӣ карда, корнамоиву ҷавонмардии зиёд нишон додаанд.

Истиқлолу озодӣ ва худшиносӣ таърихан дар вуҷуди ҳар як сокини шаҳри бостонии Кӯлоб ҷой гирифта, мардони далеру шуҷои ин сарзамин барои ҳифзи шарафу номус, марзу бум ва ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан қаҳрамониву ҷонбозиҳо карда, ҳаргиз дар назди истилогарони аҷнабӣ ва бадхоҳону душманони миллат сар хам накардаанд.

Аз таърихи пурпечутоб ва ибратомӯзи халқи тоҷик медонем, ки ҳанӯз дар асрҳои 6-7 табиати зебо, захираҳои бой ва заминҳои ҳосилхези Хатлон диқкати ҳокимони манфиатҷӯ ва лашкаркашони ғосибро ҷалб карда буданд.

Ҳуҷуму тохтутозҳои зиёди аҷнабиёну бодиянишинони истилогар маҳз аз шаҳри Кӯлоб шикаст хӯрда, бузургтарин лашкаркашҳо баъди нокомоиву ақибнишинӣ дар саҳифаҳои хунини таърихномаи худ далериву шуҷоат, ҳушёриву матонат ва рӯҳияи қавии хурду бузург ва зану марди ин гӯшаи диёри моро васф намудаанд.

Онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ низ бо шуҷоату далерӣ ба ҳимояи ҳуқуқу озодии сокинони кишвар бархоста, ҷоннисориҳои зиёд карданд ва нагузоштанд, ки хоинони миллат ва ватанфурӯшон сохти давлатдорӣ ва фарҳангу мазҳаби дигарро дар мамлакат ҷорӣ намоянд ва истиқлоли нав бадастомадаро поймол созанд.

Ҷавонмардони худогоҳу зирак ва ҳушёру далери шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамроҳи дигар сокинони ватандӯсти кишвар дар роҳи барқарор сохтани ҳокимияти қонунӣ ва расидан ба сулҳу суботи сартосарӣ далериву ҷонбозиҳо карданд.

Кӯлоб таърихи хеле қадима дошта, мо чанд сол пеш 2700 — солагии онро дар вазъияти тантанавӣ таҷлил намудем. Осори зиёди таърихии аз ҳудуди он пайдошуда аз таърихи пуршарафи ин шаҳри бостонии тоҷикон дарак медиҳад.

Моҳи декабри соли гузашта ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ — ЮНЕСКО дар қатори дигар осори қадима чаканро ҳамчун мероси таърихии халқи тоҷик эътироф намуд, ки зодгоҳи он шаҳри бостонии Кӯлоб мебошад.

Дар нақшҳои чакан орзую омол ва ҳофизаи таърихии қавмҳои ориёӣ ҷой гирифта, тавассути ҳунармандони моҳир то ба замони мо расида, дар олам эътирофу маҳбубият пайдо кардааст.

Дар баробари ин, мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб аз қадим ба ҳунармандӣ машғул буда, то ба ҳол ин анъанаҳои некро идома дода истодаанд.

Мавҷуд будани кӯчаҳои заргарон, чармгарон, косатарошон, кулолгарон, оҳангарон ва монанди инҳо дар шаҳри Кӯлоб аз маданияти қадимаи шаҳрнишинӣ дарак дода, ин ҳунарҳо аз насл ба насл мерос мондаанд ва то ба имрӯз дар ин шаҳри таърихӣ ривоҷ доранд.

Шаҳри Кӯлоб, инчунин, макони шоирону адибон ва орифону донишмандон буда, ин шаҳри бостониро маскан намудани Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ бесабаб нест. Осори Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Носеҳи Хатлонӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Бисмили Кӯлобӣ, Шамсиддини Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ ва садҳо нафари дигар, ки дар осори гаронбаҳояшон арзишҳои умумибашарӣ ва умуминсониро тарғиб намудаанд, намунаи барҷастаи ҳаёти илмиву адабии ин гӯшаи Ватани азизамон мебошад.

Сокинони шарафманди Кӯлоб бо ифтихор аз таърихи гузаштаи худ ва бо эҳсоси гарми ватандорӣ сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушду тараққиёти шаҳр хеле корҳои шоиста ва назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Ҳоло бо ифтихор гуфта метавонем, ки Кӯлоб бо гузаштани қариб се даҳсола аз баракати истиқлол, суботу оромӣ, азму талоши пайваста ва заҳмати ободгаронаи мардум ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил ёфтааст.

Ҳукумати мамлакат дар навбати худ ба рушду ободии шаҳри Кӯлоб эътибори махсус зоҳир намуда, то имрӯз як силсила тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси қаноатмандист, ки имсол сокинони шаҳри Кӯлоб дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои истиқболи шоистаи 30-солагии истиқлол амалҳои бунёдкориву ободониро вусъат бахшида, дар аксар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.

Дар баробари ин, то ҳанӯз дар шаҳр ва деҳаҳои он як қатор мушкилоту масъалаҳое вуҷуд доранд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Мушкилоти ҷиддии шаҳру деҳоти Кӯлоб нарасидани оби нӯшокӣ мебошад. Зеро солҳои охир маҳаллаҳои навбунёд дар атрофи шаҳри Кӯлоб зиёд гардида, дар аксари онҳо иншооти зарурии обтаъминкунӣ бунёд карда нашудаанд.

Бо мақсади ҳалли ин масъала Ҳукумати Тоҷикистон чанде пештар бо Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба мувофиқа расид ва татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ баҳори соли 2020 оғоз мегардад.

Ҳоло дар шаҳру деҳоти Кӯлоб татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, коммуналӣ ва кишоварзӣ идома дошта, то имрӯз корҳо ба маблағи қариб 120 миллион сомонӣ иҷро шудааанд.

Вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолӣ ва зарурати бунёди иншооти инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ дар шаҳри Кӯлоб кофӣ нест.

Тибқи таҳлилҳо аҳолии шаҳри Кӯлоб сол ба сол афзоиш ёфта, дар даврони истиқлол қариб 70 ҳазор нафар зиёд шудааст ва ҳоло шумораи сокинони он беш аз 213 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, зарурат пеш омадааст, ки дар шаҳр даҳҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда шаванд.

Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда корхонаву коргоҳҳои дар он бунёдшаванда аз пардохти тамоми андозҳо ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Итминон дорам, ки солҳои наздик минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои судовар ба рушди шаҳри Кӯлоб ва минтақа такони ҷиддӣ бахшида, боиси таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва баланд шудани некӯаҳволии сокинон мегардад.

Дар ин ҷода, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаи озоди иқтисодӣ чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, Бонки миллиро зарур аст, ки бо мақсади дар шаҳри Кӯлоб афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ чораҳои амалӣ андешад.

Ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” супориш дода мешавад, ки то охири сол намояндагии худро дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода, барои пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон дар соҳаҳои истеҳсолӣ чораҷӯӣ намояд.

Мо имрӯз ба бунёди роҳи Кӯлоб — Шамсиддини Шоҳин, ки арзиши лоиҳавии он 215 миллион сомонӣ ва масофааш 35 километр мебошад, оғоз бахшидем.

Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки бунёди ин роҳро дар муддати ду сол ба анҷом расонида, дар ин раванд, як қисми роҳҳои шаҳри Кӯлобро мумфарш кунанд.

Инчунин, корҳои ду марҳалаи таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ба маблағи қариб 70 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуданд ва таҷдиду чароғон намудани як қатор кӯчаҳои шаҳр, яъне марҳалаи сеюми лоиҳа ба маблағи 130 миллион сомонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ шурӯъ гардид.

То имрӯз дар шаҳри Кӯлоб барои беҳтар намудани таъминот бо нерӯи барқ ва коҳиш додани талафоти он тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар давоми даҳ соли охир сол зиёда аз 400 трансформатор таъмир ва хатҳои интиқоли барқ ба масофаи 50 километр иваз карда шудаанд.

Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша низ арзишманд мебошад.

Бо дарназардошти бунёд гардидани 11 маҳаллаи нави аҳолинишин ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Барқи Тоҷик» супориш дода мешавад, ки бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳри Кӯлоб ва деҳоти он бо нерӯи барқ, инчунин, кам кардани талафоти он чораҳои иловагӣ андешида, то соли 2021 таҷдиду азнавсозии шабакаҳои барқии шаҳрро пурра ба анҷом расонад ва низоми муосири баҳисобгирии нерӯи барқро ҷорӣ намояд.

Дар деҳоти Кӯлоб аз ҳисоби соҳибкорони ҳимматбаланди он барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сардхона барои 750 тонна сохта, ба истифода дода шуда, дар деҳоти Зиракӣ бунёди 26 гармхона ва 4 сардхона барои нигоҳдории зиёда аз 800 тонна маҳсулот идома дорад.

Солҳои охир масоҳати боғҳо зиёд гардида, дар 92 гектар заминҳои лалмӣ боғҳои мевадиҳанда бунёд карда шудаанд ва ин иқдом идома дорад.

Дар ду соли охир дар шаҳру деҳоти Кӯлоб соҳаи моҳипарварӣ рушд ёфта, дар майдони 85 гектар 27 хоҷагии моҳипарварӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум қариб 5 гектар зиёд буда, илова бар ин, барои бунёди ҳавзҳои моҳӣ ба хоҳишмандон 86 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, бунёди ҳавзҳо идома дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30 – солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва таъмиру азнавсозии қариб ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст.

Соли 2018 аз ин ҳисоб 64 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва 44 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Дар соли 2019 бунёду азнавсозии 271 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора дар 6 моҳи соли равон корҳо дар 65 иншоот ба анҷом расидаанд.

Сохтмону таъмири иншооту биноҳо тибқи нақша босуръат идома дошта, то охири соли 2019 — ум 206 иншооти дигар ба истифода супорида мешавад.

Соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 18 километр роҳҳои дохилии шаҳру деҳоти он таъмиру таҷдид ва 32 километр сангфарш гардидаанд, ки ин иқдом албатта, шоистаи таҳсин мебошад.

Бо итминон метавон гуфт, ки то ҷашни 30 — солагӣ аксари кӯчаву роҳҳои шаҳр мумфарш карда мешаванд.

Дар ин раванд, инчунин, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ду корхона ва 12 коргоҳи хурди саноатӣ бунёд гардида, 120 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Умуман, дар шаҳр дар ин давра 3500 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб чандин муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ ва литсейҳои нав таъсис дода шудаанд, ки ҳоло онҳо барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ кадр тайёр карда истодаанд.

Имрӯз дар доираи сафари кории мо дар шаҳри Кӯлоб ду мактаби навбунёд, ки ҳар кадом барои 1280 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, бо беҳтарин шароити таълим ва таҷҳизоти замонавӣ ба истифода супорида шуданд.

Ҳоло сохтмони ду муассисаи таълимӣ дар деҳоти Кӯлоб идома дорад, ки то ҷашни 30 – солагӣ ба истифода дода мешаванд.

Илова бар ин, аз ҳисоби соҳибкорон – фарзандони шаҳри Кӯлоб 150 синфхонаи иловагӣ бунёд гардида, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорон дар маҳаллаҳои Чаманзору Ҷомӣ, деҳаҳои Шамсов, Файзобод, Гултеппа ва Хонобод сохтмони чандин мактабҳои нав ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ оғоз шудааст.

Аз ҷумла дар маркази шаҳр соҳибкори маҳаллӣ (Ғуломов Халил) бунёди муассисаи таълимиро барои 2000 нафар хонанда шурӯъ кардааст, ки то соли 2021 ба истифода дода мешавад.

Бовар дорам, ки то ҷашни 30-солагии истиқлол мушкилоти соҳаи маориф дар шаҳру деҳоти Кӯлоб пурра бартараф гардида, барои фарзандони сокинон тамоми шароити зарурии таълим муҳайё карда мешавад.

Дар баробари ин, кормандони соҳаи маориф ва устодону омӯзгоронро зарур аст, ки ба сатҳу сифати таълиму тарбия эътибори ҷиддӣ диҳанд, омӯзиши илмҳои дақиқ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дуруст ба роҳ монда, наврасону хонандагонро дар рӯҳияи баланди ватандустӣ ва худогохиву худшиносӣ тарбия намоянд.

Дар шароити муосир, ки таъсири ҳар гуна ҳаракату равияҳои радикалӣ вусъат гирифта истодааст, мардум, хусусан, наврасону ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб низ бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, баҳри ҳифзу ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият талош варзанд, барои таҳкими давлатдории миллӣ сайъ намоянд, ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги халқамон бештар таваҷҷуҳ карда, анъанаҳои неки гузаштагонро пос доранд.

Имрӯз мо дар шаҳр ду беморхонаи замонавиро, ки бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд, аз ҷумла дар яке аз онҳо технологияҳои рақамии навтарин барои табобати модару кӯдак насб карда шудаанд, ба истифода супоридем.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои муассисаҳои тандурустии шаҳри Кӯлоб дастгоҳҳои замонавӣ дастрас карда шудаанд. Акнун табибонро зарур аст, ки малакаи касбии худро дар самти истифодаи таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ тақвият бахшида, ба аҳолӣ бо сатҳу сифати баланд хизмат расонанд.

Бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои ба истиқболи 30 — солагии истиқлол тасдиқшуда аз ҳисоби соҳибкорони шаҳри Кӯлоб бинои таълимии коллеҷи хусусӣ, 2 маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 8 дорухона бунёд шуда, ҳоло сохтмони як беморхонаи шахсӣ ва сохтмони хобгоҳи коллеҷи тиббӣ идома дорад.

То имрӯз панҷ беморхонаи шаҳр ва деҳоти Кӯлоб аз таъмири асосӣ бароварда шуда, то арафаи ҷашн беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии боқимонада пурра аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд.

Дар ин раванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бояд ҷиҳати бартараф кардани норасоии кадрҳои тиббӣ, ки имрӯз зиёда аз 100 нафарро ташкил медиҳад, чораҷӯӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти дигари ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мо ба рушди санъату фарҳанг низ диққати аввалиндараҷа дода, дар доираи сафари имрӯза дар шаҳри Кӯлоб бинои нави таълимӣ ва маъмурии коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонро ба истифода супоридем. Дар ин коллеҷ низ барои аз худ кардани нозукиҳои санъату ҳунар шароити беҳтарин фароҳам оварда шудааст.

Мардуми Кӯлоб аз замонҳои қадим табиатан дӯстдори санъату шеъру адаб буда, дар аксари оилаҳо асбобҳои мусиқӣ мавҷуданд ва бештари онҳо завқи навозандагиву сарояндагӣ доранд.

Воқеан, бояд гуфт, ки шаҳри Кӯлоб ватани мусиқии “Фалак” низ мебошад.

Шубҳае нест, ки сокинони ин шаҳри шеъру ҳунар анъанаҳои некро идома медиҳанд ва дар оянда аз байни ҷавонон истеъдодҳои нав ба камол мерасанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Дирӯз ва имрӯз бо иштироки Роҳбари давлат дар шаҳри Кӯлоб 16 иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ гардида, 35 иншооти дигар бо иштироки аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 50 иншооту биноҳои навбунёд ба истифода дода шуданд.

Дар ин замина боз қариб 500 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Махсусан, азнавсозии боғи марказӣ, ки мо онро ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузоштем, гулгашти Сафар Амиршоев ва боғи “Хуталон” ба симои шаҳр ҳусни тоза бахшиданд.

Ман ба сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд ва ҳамаи шахсони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи баланд ва сифати олӣ бунёду муҷаҳҳаз гардонидани ин боғу гулгаштҳо самимона ташаккур баён менамоям.

Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро вазифадор месозам, ки иншооти навбунёди фарҳангиро хуб нигоҳубин намоянд, онҳоро боз ҳам обод кунанд ва ҷиҳати мунтазам баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Умедворам, ки сокинони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб ин ободкориҳоро ҳифз карда, барои рушди ин шаҳри таърихӣ дучанд заҳмат кашида, дар пешрафти он саҳми арзанда мегузоранд.

Бо истифода аз фурсат, ба сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгириашон аз ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат доир ба ободониву созандагии кишвар бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан изҳори сипос менамоям.

Ва дилпурона изҳор медорам, ки мардуми заҳматпеша ва бонангу номуси шаҳри Кӯлоб барои истиқболи шоистаи 30-солагии истиқлоли давлатӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ин шаҳри бостонӣ азму талоши хешро дареғ намедоранд.

Ман бори дигар ба хурду бузурги мардуми далеру ғаюр, бонангу номус ва сарбаланду шарофатманди шаҳри бостонии Кӯлоб барои пуштибонии самимӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлату Ҳукумати мамлакат ва матонату фидокориҳои онҳо дар лаҳзаҳои бисёр ҳассоси таърихи миллат миннатдорӣ изҳор менамоям ва эътимоди қавӣ дорам, ки онҳо минбаъд низ барои пешрафти сарзамини аҷдодиамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Ҳар яки шумо, ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони шаҳри Кӯлобро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – 28 – солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат ва барору комёбӣ орзумандам.

Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамдиёрони азиз!

Сентябрь 11, 2019 19:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид