Тоҷикистон баъд аз пирӯзӣ бар дастаи Муғулистон бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «F» ҷой аввалро ишғол кард

Сентябрь 11, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 11.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии  дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон Усмон Тошев баъд аз  пирӯзии дастааш дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар меҳмонӣ бар  дастаи мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби 1:0 гуфтааст, ки «аз ҳама муҳим барои мо он аст, ки се имтиёз ба даст овардем ва дар гурӯҳ мавқеамонро дар ҷой аввал нигоҳ доштем». Дар ин бора   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН    бо истинод ба  хабари Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар идома сармураббии  дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон Усмон Тошев   гуфт, ки  бозӣ осон набуд. «Мо медонистем, ки  Муғулистон дастаи хеле хуб ва пурқувват аст. Ҳамакнун моро бозии душвор ба муқобили дастаи мунтахаби Япония, ки яке аз дастаҳои зӯртарини футболи осиёӣ маҳсуб мешавад, интизор аст. Мо ба ин бозӣ ҳамаҷониба омодагӣ мегирем», — изҳор доштааст Усмон Тошев дар нишасти хабарӣ, ки баъди анҷоми бозӣ доир гардид.

Хотиррасон  менамоем, ки бозии гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби Муғулистон ва Тоҷикистон 10  сентябри соли равон  дар шаҳри Улан-Батор, дар Варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон доир гардид. Голи ягонаро ҳимоятгар Давронҷон Эргашев дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 81-ум ба ҳадаф  расонид. Зимнан, ӯ беҳтарин бозингари ин дидор эълон шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиро муқобили Муғулистон бо даҳ нафар анҷом дод. Дар дақиқаи 85-уми бозӣ ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, ки корти дуюми зард гирифт, аз майдон хориҷ шуд. Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «F», ки шоми  дирӯз дар шаҳри Янгон доир гардид, дастаи мунтахаби Япония бар дастаи мизбон – Мянмар бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ин аввалин бозии япониҳо дар ин мусобиқот ба шумор меравад.

Дар бозии аввалини гурӯҳи «F»  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ бар дастаи мунтахаби Қирғизистон ва дастаи  мунтахаби Муғулистон  бар дастаи  мунтахаби Мянмар бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада буданд.

Ба ин тартиб, дастаи  мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «F» дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои мунтахаби Япония ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм озод аст. Футболбозони тоҷик дар даври чаҳорум- 15  октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо  дастаи  мунтахаби Япония рақобат мекунанд.

Чемпионати  ҷаҳон-2022

Мусобиқоти интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «F». Даври 2-юм

Муғулистон – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Давронҷон Эргашев, 81.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Хуршед Бекназаров, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 53), Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов (Манучеҳр Сафаров, 87).

Огоҳӣ гирифтанд: Наранболд, Ҳанкҳуаг, Тсенд-Аюш (Муғулистон), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Искандар Ҷалилов (Тоҷикистон), 85 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозингари дидор: Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).

Сардовар: Ҳанно Хаттоб (Сурия).

Нозири доварон: Муҳаммад Ҳамад Ал-Совайл (Арабистони Саудӣ).

Комиссари бозӣ: Субраманиан Маникам (Малайзия).

10-уми сентябр. Улан-Батор. Варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон. 3455 тамошогар.

Мянмар – Япония – 0:2   

Голҳо: Шоя Накаҷима, 16 (0:1). Такуми Минамино, 26 (0:2).

Огоҳӣ гирифтанд: Нанда Кяв, Зав Е Тун (Мянмар).

Сардовар: Аҳмад Яъқуб Иброҳим (Урдун).

Нозири доварон: Ҳусейн Аскари Милаҷердӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Патит Супҳафонг (Тайланд).

10 сентябр. Янгон. Варзишгоҳи «Тҳувунна». 25 500 тамошогар.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи «F»

Дастаҳои мунтахаб Б Ғ М Б Т И
1 Тоҷикистон 2 2 0 0 2-0 6
2 Япония 1 1 0 0 2-0 3
3 Муғулистон 2 1 0 1 1-1 3
4 Қирғизистон 1 0 0 1 0-1 0
5 Мянмар 2 0 0 2 0-3 0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

10 октябр (панҷшанбе)

Япония – Муғулистон

Қирғизистон – Мянмар

Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Япония

Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Япония

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Япония – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Япония

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Япония – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Япония – Қирғизистон

Сентябрь 11, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт