ВАРЗИШ — МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Таҳлили дастовардҳои соҳаи варзиши мамлакат дар 28 соли соҳиибистиқлолӣ

Сентябрь 7, 2019 11:54

ДУШАНБЕ, 08. 09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо олимону донишмандон, шоирону нависандагон, хизматчиёну ходимони давлатӣ ва қишрҳои мухталифи ҷомеа оид ба дастоварду дигаргуниҳои тӯли 28 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастомада фикру мулоҳизот ва бардоштҳои худро ба унвони идораи АМИТ «Ховар» ирсол намуда истодаанд. Инак, мулоҳизаҳои  муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ризо НАЗАРЗОДА  оид ба дастовардҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар дарвони 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури хонандагони сомона гардонида мешавад.

— Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои квалификатсионӣ ба ҳисоб меравад.

Соҳаи варзиши мамлакат аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумурии Тоҷикистон заминаҳои аввали худро аз таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ варзишӣ солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд.

Маҳз бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллалхусус дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз қадамҳои аввал фаъолияти худро оғоз намуда, дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ 9835 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 122 варзишгоҳ, 6991 майдончаи варзишӣ, 1766 толорҳои варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 791 маҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.

Давраи оғози рушдёбии соҳаи варзишро ба соли 2010 рабт додан мумкин аст. Чун дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2010 дар мулоқот бо варзишгарони кишвар ба масъулин дода шуда буд, боиси устуворгардии базаи моддию техникӣ барои омавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардид.

Дар давоми солҳои 2011-2018, 2192 адад иншоотҳои асосии варзишӣ сохта шуда, 1059 адад иншоотҳо таъмиру таҷдид гардидаанд.

Давоми солҳои 2017-2018 ва 2019 зиёда аз 213 майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷҷаи давлатӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 13 майдончаи варзишӣ бо маблағи зиёда аз 9 млн 750 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Танҳо дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 316 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 118 900 933 (яксаду ҳаждаҳ миллиону нӯҳсад ҳазору нӯҳсаду сивусе) сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки –14 160 491 (чордаҳ миллиону яксаду шаст ҳазору чорсаду навадуяк) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 104 740 442 (яксаду чор миллиону ҳафтсаду чил ҳазору чорсаду чилу ду) сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

Дар давраи нимсмолаи якуми соли 2019 дар шаҳру ноҳ яҳои ҷумҳурӣ 125 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 33 миллиону 69 ҳазору 706 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 4 миллиону 463 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 28 миллиону 606 ҳазору 706 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

Дар ин давра варзишгарони мамлакат дар як катор чорабиниҳои байналмилалӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиёӣ, Шоҳҷомҳо иштирок намуда, ба дастовардҳои таърихии даврони истиқлолият ноил гардиданд.

Солҳои охир варзишгарони кишварамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони озодро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Имрӯз тамоми мардуми кишвар аз пирӯзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳои назарраси онҳо ифтихор доранд.

Агар дар зарфи 70 соли даврони Шӯравӣ варзишгарони мо аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ин рақам ба 4759 (чор ҳазору ҳафтсаду панҷову нуҳ) адад расидааст.

Аз ҷумла медали тиллои Дилшод Назаров дар Бозиҳои 31 олимпии Рои-Де-Жанейро-2016 тӯҳфаи беназир барои миллати шарафманди тоҷик буд.

Инчунин Юсуф Абдусаломов ҷоизадори медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ оид ба гӯштини тарзи озод, Расул Боқиев ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳон оид ба дзюдо, Мавзуна Чориева ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба бокс, Фарухи Салим чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Маҷидов Хуршед ҷоизадори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, Лагутенко Малика чемпиони Осиё оид ба тирпаронӣ, Зулқайнарова Шоира ҷоизадори медали биринҷии чемпионати Осиё оид ба бокс, Хоркашев Набимуҳаммад ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Каримов Акмалиддин ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Комроншоҳи Устопириён чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Даминов Шаҳриёр чемпиони Осиё оид ба қаиқронӣ, Исоқов Адам чемпиони Осиё байни наврасон дзюдо, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол ҷоизадори медали биринҷии чемпионатии Осиё гардидаанд.

Имконияту шароитҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои муаззами миллат дар “Соли ҷавонон” баъди интизориҳои зиёди миллати тоҷик самараи худро дар Чемпиони ҷаҳон аз рӯи намуди самбо, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия доир гардид бо ғолибияти мутлақи ба дастовардаи Хоҷазода Беҳрӯз дод. Дастовардҳои дигари варзишгарон низ дар ин давра шоистаи таҳсин мебошад, ки ин ҳам аз соҳоибистиқлол давлат ба даст омодааст. Инчунин, соли ҷорӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани Агрегати аввали НБО-и Роғун варзишгари муваффақи мо Хушқадам Хусравов дар шаҳри Бухарести давлати Руминия чемпиони ҷаҳон аз рӯи намуди гӯштини самбо гардид, ки туҳфаи беназир аз номи варзишгарони кишвар ба мардуми шарафманди кишвар мебошад.

Ҳамчунин, дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи кишвар дар чемпионати Осиё, ки аз 23 сентябр то 7 октябри соли 2018 дар давлати Малайзия доир гардид, сазовори ҷойи дуюм гардида, медали нуқраи ин чорабинии бонуфузи варзиширо ба даст оварданд, ки ин натиҷаи таърихӣ тӯҳфаи беназир футболбозони навраси кишвар мебошад.

Аксарияти Федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи соҳибистиқлолӣ таъсис дода шуда, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат як қатори Чемпионати ҷаҳон, Осиё, Бозиҳои Осиёи марказӣ, ва мусобиқаҳои байналмилалиро дар Тоҷикистон баргузор намуда истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, №328 «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ», яке аз иқдомҳои наҷиби сарвари кишвар барои дастгирӣ ва ҳавасмандии варзишгарон мебошад.

Дар ин замина ҷиҳати татбиқи Фармони мазкур Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, №493 тасдиқ гардидааст.

То имрӯз 5 маротиба бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 138 нафар варзишгарон бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи ҷоизапулӣ 2 881 250(ду миллиону ҳаштсаду ҳаштодуяк ҳазору дусаду панҷоҳ) сомониро ташкил медиҳад, ки маблағҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаанд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 140 мактабҳои варзишӣ амал менамоянд, ки аз ин 1 Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпӣ, 4 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (10 мактаб дар ш.Душанбе, 1 мактаб дар ш.Хуҷанд ва 1 мактаб дар н.Рӯдакӣ), 90 мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 мактабҳои варзишӣ дар тобеияти Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” мебошанд.

Дар мактабҳои варзишӣ дар ин давра дар 3989 гуруҳҳо (39 гуруҳҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд) 47930 машқварз (215 машқварзи нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд), аз ҷумла 5958 нафар бону (466 бону нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд) ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Қобили қайд аст, ки эҳё намудани намудҳои миллии варзиш аз ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуда, дар рафти баргузории чорабиниҳо бештар наврасону ҷавонон бо мақсади ба таърих, фарҳанг, расму оийн ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ аз арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим рӯ меоварданд.

Бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1 марти соли 2016 Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” ифтитоҳ гардид. Инчунин, бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2017 шабакаи телевизионии «Футбол»ба фаъолият оғоз намуд, ки инъикоси васеи футболро дар кишвар таъмин намуда, ҳаводорони варзишро хушҳол кард. Дар ин шабакаҳо, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ташвиқу тарғиб шуда, иловатан тариқи Шабакаи телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва «Баҳористон» чемпионатҳои футбол дар давлатҳои хориҷию мусобиқаҳои байналмилалӣ инъикос мегарданд.

Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаи варзиш ва суханронӣ дар Ассамблеяи XVII – генералии Кумитаи миллии олимпӣ 14 феврали соли 2018 барои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш боз заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Инчунин, бо шарофати ғамхориҳои пайваста ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ширкати ватании «Фароз» тариқи ройгон коргоҳ ва осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро пурра таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, дар ин замина 16 федератсия соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.

Бо пурра амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Ассамблеяи XVII генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш 14 феврали соли 2018 баён доштанд, соҳаи варзиш боз рушд хоҳад ёфт.

Мавриди зикр аст, ки тайи 3 соли охир зери роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардида, он ҳамчун воситаи муҳими эҳё ва рушди маҷмӯи бозиҳои миллии варзишӣ баромад менамояд.

Қобили қайд аст, ки эҳё намудани намудҳои миллии варзиш аз ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуда, дар рафти баргузории чорабиниҳо бештар наврасону ҷавонон бо мақсади ба таърих, фарҳанг, расму оийн ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ аз арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим рӯ меоварданд.

Маҳз бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои беназири сиёсати варзишпарварони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз беш аз 9853 иншоотҳои варзишӣ дар истифодаи ҷомае ва варзишгарон қарор дода шудааст ва аз ин шумора 140 муассисаҳои варзишӣ барои омода намудани варзишгарони касбӣ бо фарогирии 47930 наврасону ҷавонон фаъолият намуда истодааст.

Танҳо дар шаш моҳи соли равон 125 иншоотҳои варзишӣ бо харҷи беш аз 33  миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷҷаи давлат ва дигар сарчашмаҳо сохта ба истифода дода шуд.

Сол аз сол зиёд гардидани инфросохтори варзиши дар кишвар барои иҷрои яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун нишондиҳандаҳои асосии таъмини тарзи ҳаёти солимиии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Варзишгарони собиқадор ва пирони кор хуб медонанд, ки барои дар сатҳи байналмилалӣ муарифи намудани варзиши тоҷик то соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон чи гуна мушкилотҳову монеаҳо мавҷуд буданд, ки аз ҳазор ба як нафар имкон даст медод то дар мусобиқаҳои сатбайналмилалӣ иштирок намоянд.

Хушбахтона имрӯз ҳар як варзишгари умедбахш имконияти баробарро барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ доро мебошад.

Аз соли 2006 то июни соли 2019 варзишгарони мо ба хазинаи варзиши ҷумҳурӣ 4971 медал ворид намуда, 380 маротиба (танҳо дар 6 моҳи аввали соли 2019, 274 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 108 маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ барафрохта ва садо додаст) дар давоми ин солҳо бо ифтихори варзишгарони ватандӯсту хештаншинос суруди миллӣ садо дода шуд ва Парчами Тоҷикистон паравшон карда шудааст, ки чунин лаҳзаҳоро ҳеҷ кас бар ҷуз аз варзишгар эҳсос карда наметавонад ва барои чунин як корнамои мо аз Шумо варзишгарон, мураббиён изҳори миннатдории хешро баён менамоем.

Ҳар як арзишҳои миллӣ барои варзишгар муқддас ба ҳисоб меравад ва ғурурӣ ватандӯстии онҳоро мо дар лаҳзаҳои ғолиб омадан дар мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мавриди бе ихтиёр ҷорӣ гардидани ашки чашмонашон ва ба мисли шеър баланд намудани садои онҳо мебинаму аз онҳо ифтихор менамоем.

Пешвои миллат Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Асанблеяи генералии Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон дар суханронии хеш иброз намуданд, ки “Танҳо ҷавонони солиму бардам, тавонову қавӣ ва далеру шуҷоъ меҳру муҳаббати Ватанро қадр карда, бо руҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ амнияту оромӣ ва суботи кишварро таъмин карда метавонанд.”

Дар ҳамин асно ҳар яки мо дар баробари машғул шудан ба варзиш уҳдадорем, ки барои дар ҳимояи арзишҳои миллӣ, суботи ҷоме ва пешрафти Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ба таври эҳсосшавандаю дидашавнда гузорем.

Дарвоқеъ, варзиш беҳтарин василаи муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб рафта, мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ зери сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ устуворона ба марҳилаи нави рушду ташаккул ва таҳкими идеяи миллати солим ворид гардида истодааст.

Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрӯзҳо варзишгарони тоҷик дар қатори ҳазорон шаҳрвандони ба нангу номуси Тоҷикистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Имрӯз тамоми мардуми кишвар аз пирӯзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳои назарраси онҳо ифтихор доранд.

Дар шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим инъикос меёбад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардидааст.

Мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд.

Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар рушду нумӯи ҳар давлат муҳим буда, фаъолият дар ин соҳа далериву мардонагӣ, ҳушёриву зиракӣ, покиву озодагӣ ва садоқатмандӣ ба миллату ватанро тақозо менамояд.

Дар ин росто, ҳадафи аслии сиёсати давлату Ҳукумат дар соҳаи варзиш, ин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи намудҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардидааст.

Боиси ифтихор ва сарфарозии варзишгарон ва ҷавонони кишвар, махсусан қалби он Душанбеи нозанин мебошад, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнатҳои шабонарӯзии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, сарпарасти тамоми иқдомҳои ҷавонон ва варзишгарони кишвар, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, танҳо давоми 2 соли охир дар пойтахти азизамон зиёда аз 200 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ба рушди сифатан нави варзиши касбӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориву садоқати муҳтарам Пешвои муаззами миллат, Шумо варзишгарони наврасу ҷавон ва мо масъулини соҳаро зарур аст, ки ба 28 — соли иқболи миллат арҷ гузошта, барои таҳкими сулҳу суббот, амнияти пойдор, осудагӣ, фазои софу беғубори ватан ва созандагиву зиндагии шоистаи халқи тоҷик, пайравии ҷавонмардона ва содиқона ба Пешвои муаззами миллатро идома дода, аз он ифтихор намоем.

Боиси хушнудист, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҳамасола 10 — август ҳамчун Рӯзи варзишгарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса, бо роҳандозии як қатор чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ бо ҷалби тамоми варзишгарону муррабиён ва ҷавонон, таҷлил мегардад.

Дастгирию пуштибонии рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафт ва рушд бахшидани соҳаи варзиш ва дастгирии ҳамешагии варзишгарон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки варзишгарони мо дар дохилу хориҷи кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи давлату миллатамонро ҷавонмардона ва шоиста ҳифз ва муаррифӣ намоянд. Таҷдиду азнавсозӣ ва бунёду ба истифода додани як қатор маҷмааву варзишгоҳҳо дар тамоми манотиқи кишвар гувоҳ аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат дар ин самт мебошад.

Мо борҳо ва имрӯз низ аз минбари баланди шаъну шараф ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, нисбати ояндаи сабзи варзиши тоҷик изҳори сипос намуда, бо  дарки масъулияти баланд ва эътимоди бузург қавл медиҳем, ки варзишгарони бонангу номуси Тоҷикистони  азиз ҳамеша кӯшишу талош менамоянд, ки шарафи варзиши миллатро ҳифз намуда, тамоми ҳастии хешро барои ҳифзи ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Тоҷикистон, ободиву озодагӣ, шаъну шон ва тақдири аълонаи насли оянда нисор менамоянд.

Умед аст, ки варзишгарони бонангу номуси миллати тоҷик  минбаъд низ барои ноил шудан ба дастовардҳои беназир ва парафшон намудани Парчами давлатӣ дар бузургтарин майдони мусобиқаҳои байналмилаливу минтақавӣ дар канори ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муваффақ мегарданд.

Сентябрь 7, 2019 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид