Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов бори аввал аз Тоҷикистон дидан намуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов ва ҳайати ҳамроҳонаш бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолии давлати мо бори нахуст бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан намуд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо зимни сафар меҳмононро ҳамроҳӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз факултети ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дидан намуд. Зикр гардид, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004-ум таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунанд.
Дар ин факултет, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд.
Ҳамчунин зимни сафари якрӯзаи хеш меҳмони олиқадр аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Алишер Навоӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст соли гузашта дар вилояти Суғд амалиёти ҳарбию техникии Тоҷикистону Ӯзбекистон гузаронида шуд.
Имсол амалиёти ҳарбию техникӣ ва машқҳои низомӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешаванд.








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






