Вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар Варшава
ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Варшава дар чаҳорчӯбаи ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ 16 сентябр вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА Ингибёрг Гисладоттир баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, роҳбари ҳайати давлати мо, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода Мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА-ро бо вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва инчунин иҷрои уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барнома ва паймонҳои мухталиф ба дӯш гирифтааст, шинос кард.
Ингибёрг Гисладоттир, ки ба наздикӣ аз Тоҷикистон боздид намуда буд, аз беҳбудӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва инчунин равандҳои дигари рушди ҷомеаи демократӣ дар мамлакат ҳарф зад.
Масъалаи иштироки имконпазири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ гардид.








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






