31 ОКТЯБР – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Душанбе маркази писандидаи сайёҳон гардидааст

Октябрь 31, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 31.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи СММ  бо қарори худ аз моҳи декабри соли 2013    31 октябрро   ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии шаҳрҳо   (World Cities Day) эълом намуд. Шурӯъ аз соли 2014  то инҷониб дар аксар кишварҳои олам  ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Мақсади  он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ   ба масъалаҳои шаҳришавӣ, яъне баланд шудани мақоми шаҳрҳо  дар пешрафти ҷамъият  мебошад. Мувофиқи нишондоди СММ,  то соли 2050 60 фоизи  аҳолии кураи Заминро сокинони шаҳр  ташкил хоҳанд дод.

Бояд гуфт, ки тӯли чанд соли охир на танҳо шумораи  аҳолии пойтахти Тоҷикистон, балки теъдоди  сайёҳони хориҷие, ки  мароқи сайр кардан дар  шаҳри Душанберо  доранд,  меафзояд.

Мояи ифтихор аст, ки  пойтахти тоҷикон — шаҳри Душанбе бо боғу бӯстон ва кӯчаву хиёбонҳои хурраму  гулпӯш, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, фазои орому осуда, марказҳои мухталифи хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи баланд ба макони писандидаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст.

Дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зикр  гардидааст,  ки яке аз масъалаҳои муҳими баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ — ин узвият ба созмонҳо, ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии сайёҳӣ ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Хушбахтона, шаҳри Душанбе дар Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) пазируфта шуд.

Муваффақияти дигар ин соҳа ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ интихоб гардидани  шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2021  мебошад, ки он дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), ки 4 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд баргузор гардид,  қабул шуд.

Дар ин рафид метавон мисолҳои зиёд овард. Аз ҷумла, чанде  пеш, тибқи назарпурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Мавриди зикр аст, ки ин ҳама  муваффақиятҳо натиҷаҳои сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, табдил додани пойтахт ба макони тамошобоби сайёҳӣ аз ҷониби Раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.

Бояд илова кард, ки  моҳи августи соли равон  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалигардонии  «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе   барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардид.

Нақшаи чорабиниҳои мазкур  бо мақсади  амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шудааст.   Раиси шаҳр бо қарори нави худ  масъулинро вазифадор кард, ки ҷиҳати амалигардонии Стратегияи мазкур  дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети шаҳр,  бо ҷалби сармоя ва маблағҳои грантӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин замина, дар пойтахти  мамлакат  бо мақсади рушди сайёҳӣ ва баҳри ба шаҳри  сайёҳон  табдил додани Душанбе як зумра  тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла,  то соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ   гардидааст.
Ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.

Меҳмонхонаи «Дипломат» яке аз онҳост,  ки  дар заминаи бино ва иншооти фарсуда дар кӯчаи Бохтар №3, ноҳияи Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе бунёд мегардад. Меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» бунёд гардида, дорои таваққуфгоҳи зеризаминӣ, маркази савдо, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.

«Дипломат» дар маҷмӯъ аз 80 ҳуҷра, аз ҷумла 40 ҳуҷраи стандарт,  19 люкс, 20 нимлюкс ва як ҳуҷраи президентӣ иборат мебошад.

«Сафо плаза»  аз  ҷумлаи  меҳмонхонаҳои  дигаре мебошад, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бунёд мешавад.

Меҳмонхонаи  мазкур бо тарҳу усули муосир ва  дарназардошти санъати меъмории миллӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷунайдулло Азизов бунёд гардида, дар он зиёда аз  60 нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Ин меҳмонхонаи замонавӣ аз 12 ошёна ва 97 ҳуҷра иборат мебошад. Дар меҳмонхонаи сеситорадор дар як вақт ба 135 нафар хизмат расонида мешавад. Ёдовар мегардем, ки 10 октябр  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёнаи  «Сафо плаза»  оғоз бахшиданд.

Ҳамчунин дар ин мавзеъ  аз тарафи коргарони ширкати «Декор Инвест» дар масоҳати 5 гектар шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, кӯдакистон, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон бунёд карда мешавад.

Тибқи нақша, 22 бинои истиқоматии дар ин ҷо бунёдшаванда аз 6, 7 ва 8 ошёна иборат мебошанд. Кӯдакистон барои дар як вақт ба тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак ва мактаб барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст.

Дар шаҳраки нав маркази хизматрасониҳои коммуналӣ ва нуқтаи хизматрасонии тиббӣ низ ташкил карда мешавад.

Шаҳраки мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд шуда, муҳлати сохтмони он дар се марҳила 5 сол муқаррар гардидааст.

Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт  меҳмонхонаи 9-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои марказҳои хизматрасонии сеситорадор бунёд хоҳад шуд. Иншоот  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳа, иншооти муосири хизматрасонӣ – сайёҳӣ аз 115 ҳуҷра бо шароити замонавӣ иборат буда, бо имкони қабули 200 нафар дар як вақт бунёд мегардад. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ то 100 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва баъди пурра ба истифода додани он 50 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Душанбеи сабзпӯш бо табиати зебою нотакрор, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳҳои сеқабата  ва дигар иншооти мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии бунёдшавандааш  дили ҳар бинандаро тасхир месозад.

Боварамон комил аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи минтақа табдил меёбад.

Хотиррасон мешавем,  ки 18 декабри соли  2018 дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  даъвати панҷум масъалаи васеъшавии  ҳудуди  пойтахт  дар қисмати ҷанубу ғарбӣ аз ҳисоби   ноҳияи Рӯдакӣ, ки он   дар доираи татбиқи марҳилаи аввали  Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  амалӣ мегардад, мавриди баррасии вакилон қарор  гирифт. Тибқи иттилои масъулин,  7659 гектар аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла,   ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чимтеппа, «Россия»  ва ғайраҳо  ба ҳудуди шаҳри Душанбе   гузаштанд.

Бояд илова намуд, ки дар 7659 гектари ба ҳудуди пойтахт иловашуда  шаҳракҳо (бо тамоми инфрасохтор, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагона, майдончаҳои истироҳатӣ, марказҳои хизматрасонию савдо, таваққуфгоҳҳо, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, шабакаи обу корез ва ғайра), минтақаҳои   истеҳсолӣ (корхонаҳои саноатӣ),    рекреатсионӣ (ҷой ва иншооти барои сайёҳӣ нигаронидашуда), ҳудудҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла боғу ҷангалзор ва гулгаштҳо,  ҳудудҳои махсус (биноҳои мутааллиқ  ба сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ), обтаъминкунӣ,  корезӣ ва ғайраҳо бунёд мегарданд. Қисмати зиёди заминҳои ба пойтахт ҳамроҳшуда ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 31, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд
ФАРҲАНГ ДАР РУШДИ ИНСОН МАҚОМИ АРЗАНДА ДОРАД. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ доир ба афзалияти соҳаи фарҳанги пойтахт ибрози андеша намуд
Доир ба имконоти сайёҳӣ, заминаҳои воқеӣ ва дурнамои рушди шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Ба 2500 нафар кӯдакони ятиму бепарастори пойтахт аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд
Ба зиёда аз 11 ҳазор нафар ниёзмандон кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим шуданд
Имрӯз дар пойтахт Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе барномаҳои фарҳангии солинавӣ дар доираи маҳдуд гузаронида мешаванд
Дар Душанбе бахшида ба Соли нав ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил шудаанд
Дар Душанбе даври шаҳрии озмунҳои «Мураббии сол-2021», «Омўзгори сол-2021» ва «Хонандаи сол-2021» баргузор мегардад
ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Синои пойтахт якчанд иншоот ба истифода дода шуд
«ДУШАНБЕ — ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИТТИҲОД-2021». Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон маросими натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда доир гардид
«ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ-2021». Пагоҳ маросими расмии натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда доир мегардад