Аҳтам Абдуллозода дар шаҳри Давҳа бо як гурӯҳ роҳбарони кумитаҳои миллии олимпӣ мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар доираи баргузории Ассамблеяи генералии 24-уми Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар шаҳри Давҳаи Қатар ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Японияю Ӯзбекистон дидору мулоқот анҷом дод. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни дидор бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах аз ҳамкории судманди ҷонибҳо ба хотири рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи иҷрои бандҳои протоколи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Томас Бах, ки соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, муҳокима шуд.
Ҳамчунин Аҳтам Абдуллозода бо роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Япония Ясуҳиро Ямасита ва Ӯзбекистон Рустам Шоабдураҳмонов, ки ҳарду нав ба ин вазифа таъйин шудаанд, мулоқот карда, онҳоро барои ба ин мақом интихоб шуданашон шодбош гуфт.
Дар мулоқот бо Ясуҳиро Ямасита масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Япония, ки зимни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония моҳи октябри соли 2018 ба имзо расида буд, баррасӣ шуд. Ҷонибҳо барои ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифтани 4 нафар дзюдочии тоҷик дар Япония қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва дарёфти кумакҳои техникӣ ба мувофиқа расиданд. Зимни мулоқот бо президенти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон Рустам Шоабдураҳмонов низ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, барои дар наздиктарин фурсат ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум, баргузор кардани машқҳои дастаҷамъӣ ва сафари расмии роҳбарияти кумитаҳои олимпӣ ба ду кишвар ба тавофуқ расиданд.
Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи генералии XXIV Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар ҷараён дорад.










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард






