Аҳтам Абдуллозода дар шаҳри Давҳа бо як гурӯҳ роҳбарони кумитаҳои миллии олимпӣ мулоқот анҷом дод

Октябрь 18, 2019 11:50

ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/.  17 октябр дар доираи баргузории Ассамблеяи генералии 24-уми Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар шаҳри Давҳаи Қатар ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Японияю Ӯзбекистон дидору мулоқот анҷом дод. Дар ин  бора  котиби матбуоти  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни дидор бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах аз ҳамкории судманди ҷонибҳо ба хотири рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи иҷрои бандҳои протоколи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Томас Бах, ки соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, муҳокима шуд.

Ҳамчунин Аҳтам Абдуллозода бо роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Япония Ясуҳиро Ямасита ва Ӯзбекистон Рустам Шоабдураҳмонов, ки ҳарду нав ба ин вазифа таъйин шудаанд, мулоқот карда, онҳоро барои ба ин мақом интихоб шуданашон шодбош гуфт.

Дар мулоқот бо Ясуҳиро Ямасита масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Япония, ки зимни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония моҳи октябри соли 2018 ба имзо расида буд, баррасӣ шуд. Ҷонибҳо барои ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифтани 4 нафар дзюдочии тоҷик дар Япония қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва дарёфти кумакҳои техникӣ ба мувофиқа расиданд. Зимни мулоқот бо президенти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон Рустам Шоабдураҳмонов низ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, барои дар наздиктарин фурсат ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум, баргузор кардани машқҳои дастаҷамъӣ ва сафари расмии роҳбарияти кумитаҳои олимпӣ ба ду кишвар ба тавофуқ расиданд.

Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи генералии XXIV Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар ҷараён дорад.

Октябрь 18, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид