Ҳайати Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр ҳайати Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 то 18 октябр баргузор гардида истодааст.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, иштирокчиёни ҷаласаи мазкур бо мақсади шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, барои онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузарониданд.
Сайри осорхонавии меҳмонон аз шуъбаи калонтарини экспозитсионии Осорхонаи миллӣ- шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна шурӯъ гардида, бо бозёфтҳои «Саразм», толори «Оини Зардуштия», «Империяи Ҳахоманишиҳо» «Империяи Кушониён», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Сомониён», толорҳои «Хушнависӣ» ва «Сиккаҳо» шинос шуданд. Дар шуъбаи таърихи нав ва навтарин ҳаёти мардуми тоҷик дар солҳои 1917-1990 муаррифӣ гардида, дар толори «Истиқлолият»-и ин шуъба ба меҳмонон дастовардҳои мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш муаррифӣ гардиданд.
Ҳамчунин меҳмонон аз толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуданд.
Меҳмонон бо диққати махсус экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шинос шуданд.
Иштирокчиёни ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ ва боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳои худро дар китоби «Меҳмонони фахрии Осорхонаи миллии Тоҷикистон» дарҷ намуданд.









Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд






